24.9 C
Dushanbe

Мехост 4,4 миллионро тариқи фурӯдгоҳ ба Душанбе барад

Мақомоти гумруки фурӯдгоҳи шаҳри Самараи Русия як муҳоҷирро бо иттиҳоми кӯшиши ғайриқонунии интиқоли маблағи калон ба хориҷ боздошт карданд.

Тибқи иттилои манобеи русӣ, кормандони гумрук дар фурӯдгоҳи байналмилалии Самара гуфтанд, ки мусофири боздоштшуда мехостааст маблағи калонро бидуни қайди расмӣ тариқи пинҳонӣ аз ин кишвар хориҷ кунад.

Гуфта мешавад, ҳодиса ҳангоми санҷиши мусофирони парвози хатсайри “Самара–Душанбе” рух додааст. “Зимни тафтиш маълум гардид, ки мусофир дар ҷайбҳои куртааш маблағи зиёди нақдӣ — тақрибан 4,4 миллион рублро пинҳон кардааст.”, омадааст дар шарҳ хабар.

Ба гуфтаи масъулони гумрук, ин маблағ аз меъёри иҷозатшуда барои баровардан аз кишвар бештар буда, мусофир онро расман эълом накардааст. Қонунгузории Русия талаб мекунад, ки ҳангоми интиқоли маблағи калон шаҳрвандон ҳатман онро ба таври хаттӣ сабт намоянд.

Мақомоти гумруки фурӯдгоҳи шаҳри Самара ному насаб ва ё шаҳрвнади кадом кишвар будани гумонбарро фош накардаанд. Аммо чун дар масири “Самара-Душанбе” боздошт шудааст, тахмин зада мешавад, ки эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

Ин бори аввал нест, ки дар фурӯдгоҳҳои Русия кӯшиши ғайриқонунии баровардани маблағи калон ошкор мешавад. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ, мусофироне, ки маблағи нақдии зиёд доранд, бояд ҳангоми интиқол ба хориҷ қоидаҳои интиқоли онро риоят кунанд, зеро дар акси ҳол онҳо метавонанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҳатто ҷиноятӣ кашида шаванд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса алайҳи мусофир парвандаи маъмурӣ оғоз гардидааст. Масъалаи мусодираи маблағ ва ё таъйини ҷарима дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти чанд ҷавоне, ки бо роҳи фиреб садҳо ҳазор сомониро соҳиб шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ду мард дар вилояти Суғд барои бо роҳи фиреб соҳиб шудани 600 ҳазор сомонӣ боздошт шуданд.

Боз шикоят: Масъулони мактаби №54-и Душанбе волидонро ба дод оварданд

Баъзе аз волидони хонандагони мактаби №54-и ноҳияи синои шаҳри Душанбе аз ҷамъ кардани маблағи "моҳона" шикоят доранд.

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.