Бо ҳадафи таъмини ҳифзи арзишҳо ва эҳтироми мухотабон ҳангоми инъикоси ахбору воқеиятҳо шабакаи «Аздо тв» худро вазифадор медонад, ки тибқи тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ амал кунад. Аз ҷумлаи меъёрҳои касбии шабакаи «Аздо» инҳо мебошанд:

1. Дурустӣ ва воқеиятнигорӣ

​   Мо барои ҳифзу эътибори фаъолияти рузноманигории худ асли “Дурустӣ ва воқеиятнигорӣ”-ро асоси амал қарор медиҳем. Асли асосӣ дар хабарнигории масъулона ва дақиқ ин аст, ки миёни воқеият ва назар комилан тафовут қоил бошем. Зеро воқеият новобаста аз сарчашмаи он воқеият аст ва аз исботи назар фарқ мекунад. Тибқи ин асли муҳим мо масъулем, ки дар кори худ ҳамеша ва пеш аз ҳар чиз ба воқеият такя кунем ва дурустии онро арзёбӣ кунем. Равиши мо барои дастёбӣ ба воқеиятҳо ва ироаи онҳо бояд то ҳадди имкон айнӣ бошад.

2. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

 Дар рафти кор мо талош мекунем, ки чи аз рӯйи камтаваҷҷӯҳӣ ва чӣ аз рӯйи ҳолатҳои дигар ба эфир маводи хусусияти паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфозу ибораҳои таҳқиромез роҳ дода нашавад. Агарчи вазифадорем, ахборро ба таври воқеияш ба мардум бояд бирасонем, вале ҳамзамон мутаваҷҷеҳи ҳасосиятҳо ва урфу одати мардум низ бошем. Зеро каромати инсонӣ барои шабакаи мо бисёр муҳим аст. Шабакаи мо тамоми кушишро ба харҷ медиҳад то маводе дорои паст задани шаъну шараф нашр нашавад. Чун мо медонем, ки истифодаи калимаю ибораҳои таҳқиромез аз одоби касбии журналист нест.

 Дар ҳолати зарурати нашри аксу наворҳое, ки саҳнаҳои зӯроварӣ ва тарсовар доранд ва инчунин мавзӯҳое, ки дилхарошу таҳқиркунандаанд, бояд пеш аз пахши чунин гузоришҳо ба мухотаб ҳушдор бидиҳем, ки мавзӯъ ё тасовири гузориш метавонад озордиҳанда бошад.

3. Корбурди забон

  Забони муаяншуда дар шабакаи «Аздо» забони адабии муосири тоҷикӣ (ва русӣ) аст. Лаҳҷа, шева ё гуфтори кӯчагӣ аз меъёрҳои истифодабарӣ ва услуби журналистикаи тоҷик набуда, дар мо низ истифода намешавад.

 Инчунин аз тамоми калимаю ибораҳое, ки дар ВАО ба мақсади таҳқир истифода мешавад ва дар адабиёти ҳуқуқӣ аз онҳо “лексикаи берун аз меъёр” ёд мекунанд, парҳез мекунем.

4. Риояти тавозун

 Шабакаи «Аздо» ва дар умум хабарнигорони он бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Тибқи меъёрҳои маъруф дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Ва ҳангоми нашри аксу матн талош мешавад, ки сарлавҳа ва акс маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Татбиқи ин меъёр барои мо зарурист, зеро он яке аз аслҳои муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, омили асосии тарвиҷи гуногунандешӣ ба ҳисоб меравд.

5. Ҳолатҳои саҳву иштибоҳ

 Дар рафти кор агар муртакиби иштибоҳе шудем (иштибоҳ ба ҳар ҳаҷме, ки бошад), бояд зуд ва ошкор иштибоҳи худро бипазирем ва онро ислоҳ кунем. Ва агар аз рӯйи иштибоҳ матлаберо пахш кунем, ки ғайри мунсифона бошад ва мунҷар ба шикояте шуд, бояд иштибоҳамонро тавзеҳ диҳем ва иттилои дурустро ҷойгузини он кунем. Ва бояд дар баробари ҳар иштибоҳи бузурге узрхоҳӣ кунем, ба хусус, агар иштибоҳи мо мунҷар ба иҳонат, садама ба шаъну шараф ва эътибор ва ё озурдагии фард ва ё гурӯҳе шуда бошад.

6. Бетарафӣ ва беғаразӣ

 Бетарфию беғаразӣ яке аз меъёрҳои бунёдии этикаи касбии рӯзноманигорӣ мебошад. Аз ин рӯ, кормандони шабакаи «Аздо» ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таҳия намудани мақолаҳо, хабару гузоришҳо бояд назару андешаҳои гуногун, мавқеъҳои гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногунро бидуни мавқеъи шахсӣ ва ё гурӯҳию қавмӣ бетарафона баррасӣ ва нашр намоянд. Албата, зимни таҳия намудани чунин матолиб аз беғаразӣ кор бигиранд. Беғаразӣ ва холисӣ аз назари мо он амале аст, ки ҳангоми таҳияи мавод ва нашр намудани андешаҳои гуногун бояд дар ҷобаҷогузории матн ба ин ё он андеша афзалияти сунъӣ дода нашавад ва бе ягон намуди манфиат ҳама гуна назару андешаҳоро якхела инъикос намоем. Инчунин вазифадорем, ки назару андешаҳо ва мавқеъҳои гуногунро бидуни таҳриф нашр намоем. Шабака ҳаргиз ба иваз намудани ибораҳои зиёд, ҷойивазкунии калимаҳо, таҳрифи ҳақиқат, ки боиси тағйир ёфтани мазмуни фикру андеша мегардад, иҷозат намедиҳад.

 Дар ҳолати пеш омадани зарурат ва ё қазовату доварӣ оиди масъалае, бетарафӣ моро аз қазоват боз намедорад. Баракс, ба мо имкон медиҳад дурусттар қазоват кунем.

 Хабарнигорони шабака ҳангоми фаолияти кории худ набояд зери таъсири шахсон ва ё гурӯҳи алоҳида монанд ва онҳо набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳанд. Инчунин онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки ба баҳсу вазъиятҳои муноқишавӣ ворид нашаванд ва аз иштирок дар муносибатҳои муноқишавӣ худдорӣ намояд.

7. Мунсифона ба чолиш кашидан

 Шабака тибқи принсипи “гуногунандешӣ” ҳақ дорад ҳар гурӯҳу дастаро новобаста аз мавқеъҳои сиёсӣ ва иҷтимоияшон дар барномаҳои худ барои суҳбат даъват кунад ва ё аз онҳо назар бигирад. Дар барномаҳои шабака на танҳо озодандешон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мешаванд, балки намояндагони ҳукумат ва мухолифини онро низ ба чолиш мекашем. Мунсифона ба чолиш кашидани тамоми қишрҳои ҷомеаро, сарфи назар аз мавқеъу маромашон, ҳаққи касбии худ медонем.

8. Назарсанҷӣ

 Мо бояд дар назарсанҷиҳо, пурсишномаҳо ва дар раъйгириҳо аз мухотабони худ эҳтиёткор ва дақиқ бошем. Бисёр муҳим аст, ки шеваи оморгириҳоро дуруст бисанҷем ва бо забони дақиқ ва тавзеҳоти равшан натиҷаи онҳоро гузориш кунем. Мухотабони мо бояд битавонанд ба пажӯҳишҳо ва гузоришҳои мо эътимод кунанд.

9. Шабакаҳои иҷтимоӣ

 Кормандони шабакаи моро зарур аст, ки ҳангоми ҳузур дар маҷомеъи умумӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ барои ибрози назар ва ё нашри маводе аз мавқеи шабака ҳимоят кунанд ва назари онро мадди назар қарор бидиҳанд. Ҳар маводеро, ки ба талаботи шабака созгор нест, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир накунанд.

 Ҳамчунин хабарнигорони шабакаи «Аздо»-ро зарур аст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъулият истифода кунанд ва ба тамоми усул ва этикаи касбии журналистӣ, ки дар ин роҳнамо омадааст (яъне дурустӣ ва воқеиятнигорӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс ва ғайра) пойбанд бимонанд. Масъулияти матолиберо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, бар души худи онҳост.

 Хабарнигорони шабакаи «Аздо» метавонанд назароти худ ва дигаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кунанд, вале ба шарти ин ки усул ва қоидаҳои шабакаро зери по нагузоранд. Инчунин хабарнигорони шабака дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд эҳтиёт кунанд, дар муноқишаҳо ва мавқеъҳои гурӯҳӣ ва ҳизбӣ аз принсипи “бетарафӣ” кор бигиранд.