-5.1 C
Dushanbe

Мизони сармоядорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Акс аз unikassa.ru

Мизони сармоягузорӣ ба сармояи асосии Тоҷикистон 5,9% коҳиш ёфтааст. Бар пояи маълумоти Оҷонси омори Тоҷикистон назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 5,6 млрд. сомонӣ ё  $545,7 млн сармоя ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи  манобеи молиявӣ камтар ҷалб шудааст.

Бар пояи маълумоти мунташира нишондоди соли ҷорӣ аз ин қарор аст: дар иншооти истеҳсолӣ бештар аз 3,3 млрд. сомонӣ, ба коргоҳҳои ғайриистеҳсолӣ, 41% ё 2,3 млрд. сомонӣ ҷалб шудааст.

Дар арсаи сохтмони иншооти энергетикӣ 2,3 миллиард сомонӣ ва  ё 225,3 млн доллар ҷалб шудааст,ки 7,1% дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 камтар аст.Дар соҳаи алоқа ва нақлиёт ҳукумати мамлакат тавонистааст дар ҳаҷми 392 млн. сомонӣ сармоя ҷалб намояд, ки 23,1% кам аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.