31.9 C
Dushanbe

Модар, хоки поят мешавам барои ман насӯз, бачаат аз дунё сер шудааст!

Як ҷавони муҳоҷири тоҷикро мақомоти интизомии Русия боздошт кардаанд ва имрӯз 2-уми ноябр қарор аст ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Шабакаи ютубии “UFUQ tv” наворе нашр кард, ки гуфта мешавад, як ҷавони муҳоҷири тоҷик, зодаи ноҳияи Мастчоҳ бо дархости мақомоти тоҷик боздошт шудааст ва қарор аст ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Худи ин ҷавон, ки аз ӯ Надиров Аҳлиддин номбурда мешавад, пеш аз боздошташ дар наворе мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон нисбати ӯ бо моддаи 307 қисми 2 (даъват ба ифротгароӣ дар шабакаҳои интернетӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ӯро дар пайгард қарор додааст.

Ба гуфтаи худи Надиров, мақомоти Тоҷикистон ба хотири он ки баъд аз боздошти Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба хусус барномаҳои мухолифон ширкат ва суханронӣ карда буд, парванда боз кардаанд.

Ин ҷавон айбҳои эълоншуда нисбаташро туҳмат аз ҷониби мақомоти тоҷик медонад ва мегӯяд, “то имрӯз боре нашудааст, ки ман касеро гуфта бошам бароеду ҷанг кунед.” Ӯ дар идома меафзояд, “Танҳо соли гузашта баромад карда гуфта будам, ки фақат аз ҳаққи худатон талаб кунед.”

Ин муҳоҷири тоҷик таъкид мекунад, ки аз ҳаққи худ дифоъ карданро боби 2 моддаи 30-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст. Ва суханронии ӯ мухолифи қонун набуд.

Надиров дар хитоб ба модараш мегӯяд, ки ҳама ғамҳоро таҳаммул кардӣ инро ҳам таҳаммул кун. “Нури дида (модар) бачаат аз дунё сер шудааст, ин зиндагии ман ҳеч маъно надорад. Ба ин хотир арзиш надорад барои ман сӯхтанат, хоки поят мешавам барои ман насӯз!”

Дар охири навор дида мешавад, ки ҷавон мегӯяд аз телефони дигар нафар навор сабт мекунад ва аллаакй ӯро боздошт кардаанду телефонашро маъмурони интизомӣ бо дархости сафорати Тоҷикистон дар Маскав гирифтаанду ба ӯ намедиҳанд.

Баъд аз боздошти Иззат Амон дар моҳи марти соли ҷорӣ даҳҳо ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони дар Русиябуда эътироз карданд. Шуморе аз ин ҷавонон дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт ва ба Душанбе истирдод шуданд. Аммо то ҳол аз ҳоли онҳо касе огоҳ нест.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, эътирози мусолиматомез ҳаққи қонунии ҳар шаҳрванд аст, аммо мақомоти тоҷик бо баҳонаи ифротгароӣ ва даъват ба терроризм садҳо ҷавони бегуноҳи норозиро, ки як бор ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори норозигӣ кардаанд, боздош ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.