Дар семоҳаи аввали соли 2025 аз хориҷ ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи Бонки Авруосиёии Рушд, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 дарсад бештар аст.
Дар як изҳороти расмии ин бонк дар Телеграм гуфта мешавад, ки яке аз омилҳои асосии тақвият ёфтани қурби сомонӣ дар баробари доллар, маҳз ҳамин афзоиши интиқоли пул аз хориҷ ва боло рафтани нархи тиллои содиротии кишвар будааст.
Бонки Авруосиёии Рушд мегӯяд, дар пайи афзоиши интиқоли пул ва содироти тилло, арзиши сомонӣ дар муқоиса бо доллари амрикоӣ тақвият ёфтааст.
Аз оғози соли 2025 то имрӯз, қурби сомонӣ 12,5 фоиз баландтар шудааст ва танҳо дар моҳҳои охир 3,3 фоиз болоравиро нишон медиҳад.
Ба таъкиди мутахассисони бонк, ин таҳкими қурби миллӣ ба пастшавии сатҳи таваррум низ таъсир расонда, ки дар моҳи июн то 3,6 дарсад коҳиш ёфтааст, нишондоде, ки назар ба моҳи май камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар гузоришҳои расмӣ камтар аз саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар ёд мекунад ва кӯшиш менамояд, нақши муҳимми онҳоро нодида бигирад.
Бо вуҷуди он ки садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик солона миллиардҳо доллар ба кишвар мефиристанд ва зиндагии садҳо ҳазор хонавода бо пули онҳо таъмин мешавад, мақомоти давлатӣ то ҳол сиёсати муназзами ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва дигар кишварҳоро роҳандозӣ накардаанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, иқтисоди Тоҷикистон сахт вобаста ба интиқоли пули муҳоҷирон аст, вале дар амал муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷ, бахусус Русия, бо бетаваҷҷӯҳии мақомоти тоҷик рӯбарӯ ҳастанд ва дар ҳолатҳои зиёде бо сабаби дарёфт накардани ҳимоятҳои ҳуқуқӣ ба солҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон мешаванд ва ё аз Русия ихроҷ мегарданд.