Русия мехоҳад лоиҳаи қонунеро мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки бар асоси он муҳоҷирони бидуни тахассус натавонанд зану фарзандонашонро ба назди худ бибаранд.
Бино ба иттилои расонаҳо, Думаи давлатии Русия мехоҳад лоиҳаи қонуни ҷадидеро дар бораи муҳоҷирони корӣ мавриди баррасӣ қарор бидиҳад, ки пас аз тасвиби он моҳоҷирони меҳнатии бедуни тахассус натавонанд оилаҳои худро ба Русия ба назди худашон бибаранд.
Ба қавли манбаъ, ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР) ироа шудааст. Муаллифони он мегӯянд, ки ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ташкили нимҷазираҳои миллатҳои дигар дар дохили Русия мебошад .
Дар матни лоиҳаи ин қонун пешниҳод шудааст, вуруди касоне, ки ба сифати узви оилаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд, ки ҳамчун коргарони бидуни тахассус муваққатан дар ҳудуди Федератсияи Русия қарор доранд, манъ карда шавад.
“Хонаводаи коргарони муҳоҷир бояд дар хона мунтазири онҳо бимонанд. Дар аксар ҳолат муҳоҷирон пули иҷораи хона ва хидматрасонии манзилию коммуналиро намедиҳанд, қарзҳои калон ҷамъ мекунанд, ки соҳибони манзилро бо мушкилӣ рӯбарӯ мекунад. Ин мушкилотро ба манъи овардани хонаводаҳои муҳоҷирон ҳангоми кор дар Русия мешавад пешгирӣ кард. -Биё, коратро кун ва ба хона баргард”. Гуфтааст Сулутский.
Раҳбари ЛДПР Леонид Слутский ҳамчунин иддаъо карда, ки “оилаҳои ин гуна муҳоҷирон, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, анклавҳо эҷод мекунанд, бо забони модарии худ ҳарф мезананд ва аксар вақт нисбати сокинони маҳаллӣ беэҳтиромӣ мекунанд.”
Муаллифон дар шарҳи ин лоиҳаи қонун ишора кардаанд, ки сухан дар бораи корагарони бидуни касбу кори муайян меравад, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё патент дар Русия қарор доранд ва аз дигар асосҳои қонунӣ, ба мисли шаҳрвандӣ, иқомаи доимӣ ва ғайра барои зиндагӣ дар ин кишвар маҳрум мебошанд. Ин лоиҳаи ин қонун аъзои оилаҳои коргарони баландихтисоси хориҷиро дар бар намегирад.