32.9 C
Dushanbe

Муҳоҷирони тоҷикро ба Русия роҳ надоданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷикро нагузоштаанд вориди хоки Русия шаванд.

Мақомоти Русия 80 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки рӯзи 24-уми июн соати 6-и субҳ аз Душанбе ба фурӯдгоҳи Внуковои Маскав парвоз карда буданд, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд.

Бино ба иттилои манобеи “Asia-Plus”, рӯзи 25-уми июн 40 муҳоҷири тоҷикро ба Душанбе баргардондаанд ва 40 нафари дигар то ҳол дар фурӯдгоҳи Внуково мунтазири парвоз ҳастанд.

Гуфта мешавад, ин муҳоҷирони тоҷик то се моҳ ҳаққи вуруд ба хоки Русияро надоранд.

Ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксар ҷавонон ҳастанд, занону кӯдакон ва мардони калонсол бо чунин монеа рӯ ба рӯ нашудаанд.

Инчунин ин ҷавонон гуфтаанд, ки бо вуҷуди надоштани мушкил дар ҳуҷҷатҳо онҳоро соатҳо бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Пештар аз ин, 14-уми июни соли ҷорӣ, мақомоти рус дар фурӯдгоҳи Внуково ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба ин кишварро надода буданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки се рӯз дар ин фурӯдгоҳ дармонда буданд, гуфтанд, ки аз онҳо дар бораи ҳодисаи “Крокус” пурсиданд ва телефонҳояшонро тафтиш кардаанд.

Мақомоти рус то ҳол сабаби роҳ надодани даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба хоки Русия шарҳ надодаанд.

Аммо гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус” ва боздошти 12 зодаи Тоҷикистон, вазъи нохуби муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мусодираи хонаи падарии Бобоевҳо

Мақомот хонаи падарии Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар ноҳияи Восеъ мусодира карданд.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон

Имрӯз ҷумъа, 28-уми июн дар Эрон интихобот призидентӣ оғоз шуд.

Муовини Саидҷаъфар Усмонзода низ боздошт шуд

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озоди бо такия аз ду манбаи худ рӯзи 27-уми июн хабар дод.

Номаи бози Иттиҳоди олимони мусалмон ба Эмомалӣ Раҳмон

Раиси Иттиҳоди олмиони мусалмон Алӣ Қарадоғӣ ва Дабири кулли ин ниҳод Алӣ Муҳаммади Саллобӣ дар номаи бозе ба Эмомалӣ Раҳмон хостори бекор кардани қавонини зиддидинӣ шуданд.