8.9 C
Dushanbe

Мухолифи тоҷик аз Аврупо ба Кобул сафар кард

Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт.

Имрӯз, 30-уми апрел Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ин сафар бо даъвати Фазлурраҳмон Орӣ, раҳбари Маркази таҳлилии ғайридавлатии “Sahar Discourse Center” сурат гирифтааст.

Раҳбари ҶИРТ мегӯяд, ки тайи ду рӯз бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятии Афғонистон гуфтугӯҳои дуҷониба доштааст ва онҳо идома доранд.

Ҳадаф аз ин сафар таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақа, тавсеаи муколамаи мустақим байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародарона байни сокинони ду кишвар гуфта мешавад.

Гадоев дар суҳбатҳояш аз фаъол гардидани шохаи Хуросони ДИИШ, ки ба гуфтааш шумори зиёди аъзояшро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, изҳори нигаронӣ намуда, онро ба сиёсати саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон рабт додааст.

“Сиёсати саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон – аз байн бурдани нерӯҳои мустақили сиёсӣ, куштори рақибони сиёсӣ, боздоштҳои худсарона ва даҳшатафканӣ, заминаи мусоидеро барои паҳншавии афкору ҳаракатҳои ифротӣ фароҳам овардааст”- мегӯяд раҳбари ҶИРТ.

Инчунин роҳбари ҶИРТ изҳори умедворӣ кардааст, ки бо оғози ин гуфтушуниду ҳамкориҳо битавонанд дар Афғонистон фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад.

Маълум нест, Шарофиддин Гадоев дар ин сафараш бо мақомоти расмии Афғонистон мулоқот кардааст ё на, аммо ин аввалин сафари ошкори мухолифони тоҷик баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар аст ва Толибон ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол ба сафари як мухолифаш ба ҳамсоякишвар вокунише накардааст.

Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷунбишест, ки он давоми шаш соли гузашта шомили Паймони миллии Тоҷикистон буд ва бо нишони эътироз 13-уми августи соли 2024 хориҷ шуданашро аз ПМТ эълон кард.

Ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Гадоев маҳз пас аз берун рафтани созмонаш аз ПМТ хеле фаъол гашт.

Ёдовар мешавем, Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии кишвари Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.

Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон "Freedom House" имсол ҳам Тоҷикистонро дар гурӯҳи кишварҳои "ғайриозод" шомил кард.

Боздошти афсари ВКД бо гумони куштани як ҷавон дар Ванҷ

Як афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ Саломатшо Ғалчаевро бо истифода аз туфангча куштааст.

Тоҷикистон ба мардуми Эрон кумакҳои башардӯстона фиристод

Ҳукумати Тоҷикистон барои мардуми зарардидаи Эрон аз ҷанг кумакҳои башардӯстона фиристод. Дар ин бора 18-уми марти соли ҷорӣ сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон хабар додааст.