18.9 C
Dushanbe

Шумори муҳоҷирон дар Русия камтар шудааст?

Шумори муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия мераванд, то рафт кам мешавад.

Як муҳоҷири тоҷики муқими шаҳри Маскав дар тамос бо Azda tv гуфт, айни замон дар маконҳои қайди асноди будубош ва иҷозати корӣ гирифтан шумори муҳоҷирон хеле кам ба назар мерасад.

“Пештар дар чунин маконҳо ба андозае муҳоҷирон зиёд буданд, ки дар як рӯзу ду рӯз навбатат намерасид, вале ҳоло аз даҳҳо нуқтаи пазириши муроҷиаткунандагон, танҳо яктояш фаъол аст, ин ҳам бошад ба сабаби кам будани муҳоҷирон аст”, – мегӯяд муҳоҷири тоҷик.

Тибқи оморҳои расмии Русия шуруъ аз аввали соли 2022, шумораи афроде, ки тарки Русия кардаанд, аз шумораи онҳое, ки ба Русия омадаанд, 30% зиёд будааст.

Бархе коршиносони тоҷик иллати кам шудани муҳоҷирони меҳнатиро дар Русия ба чанд омил рабт медиҳанд, аз ҷумла худи мавсими зимистон, ки одатан муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин вақт ба кишварҳои худ бармегарданд, ва дигар омил, масъалаи мушкилоти Русия бо Украина ва тарси “мобилизатсия” шудан муҳоҷирони ҷавонро аз Русия гурезон шудаанд.

Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ ва коршиноси масоили муҳоҷират дар суҳбат ба Azda tv дар мавриди кам шудани муҳоҷироти меҳнатӣ дар Русия гуфт: “Сабаби аслии кам шудани муҳоҷирон дар мадди аввал ба фарорасии мавсими зимистон марбут аст. Аксари муҳоҷироне, ки муваққатӣ барои кор ба Русия меоянд, дар зимистон онҳо бармегарданд.”

Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, дигари ин масъала ҳамчунин ҳодисаҳои ахири Русия, ки даргири ҷанг бо Украина аст, таъсири худро дорад. “Муҳоҷирон тавсияи падару модар ва хешовандони худро гӯш карда, аз рафтан ба Русия худдорӣ мекунанд, ба хотири ҷалб нашудан ба ҷанги Украина.”

Фарҳоди Одинаев яке аз сабабҳои дигари кам шудани муҳоҷиронро ба вазъияти иқтисодии худи Русия, ки ба сабаби ҳамлаҳои ин кишвар ба Украина ва таҳримҳои Ғарб болои он марбут медонад. Ба гуфти ӯ, таҳримҳои иқтисодӣ аллакай болои Русия таъсири худро расондаистодааст ва аксари муҳоҷирон ҷойҳои кории худро аз даст додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари бидуни раводидро роҳандозӣ карданд

Аз 11-уми майи соли 2026 байни Арабистони Саудӣ ва Русия низоми сафари дуҷонибаи бидуни раводид расман мавриди амал қарор гирифт.

Беш аз $100 млн сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ба соҳаи кишоварии Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ имсол дар соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 108 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 11-уми май бо як сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд.

Латтукӯби кӯдак дар кӯдакистон аз ҷониби мақомот таҳқиқ мешавад

Мақомоти Душанбе пас аз паҳн шудани навори латтукӯби як кӯдак дар кӯдакистони пойтахт таҳқиқотро оғоз карданд.