Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд имтиҳони забони русиро даҳонӣ супоранд

Вакилони парлумони Русия мегӯянд, надонистани забон боиси мушкилӣ дар ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеа шудааст.

20-уми июни соли 2022, Виктор Смирнов, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба маориф ба рӯзномаи расмии парлумони Русия гуфт, санҷиши дониш ва маҳорати сухангӯӣ бо забони русӣ дар Русия аз сабаби мушкилӣ дар ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеа ба миён омад ва ин амр вакилони парлумонро водор карда, ки ба қонунгузории ҷорӣ ислоҳот ворид кунанд.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия пешниҳод карда буд, ки ба тартиби супоридани имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйирот ворид карда шавад. Смирнов таъкид кард, ки аз соли 2023 барқароршавии бозори меҳнат пешбинӣ шудааст.

Ба гуфти вакили парлумон, шахсе, ки барои дарёфти патент ё иҷозаи корӣ дар Русия қарор дорад, бояд дониши ҳадди ақалро дошта бошад, ки дар кадом ҷомеа будани худро дарк кунад.

«Омӯхтани забон худ як раванди тарбиявӣ низ ҳаст. Донистани забон барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ зарур аст. Ба назари ман, Вазорати маориф ва илм чизеро тағйир надодааст. Аммо илова бар имтиҳони хаттӣ, ҳатман бояд имтиҳони даҳонӣ низ бошад”, – таъкид кард Смирнов.

Гуфта мешавад, имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар се дараҷа гузаронида мешавад: барои гирифтани иҷозатномаи корӣ ё патент (дараҷаи 1), иҷозаи иқомати муваққатӣ ё “РВП” (дараҷаи 2), иҷозаи иқомати доимӣ ё “ВНЖ” (дараҷаи 3).

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон – майдони рақобати Эрон ва Исроил

Гузориши "Эрон Интернешнл" аз ъумқи нуфузи ҷосуси Исроил дар сохтори молӣ ва низомии Эрон хабар медиҳад.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 нисбат ба кишварҳои ҳамсоя сусттар хоҳад буд

Бино ба гузориши нави Конфронси савдо ва рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNCTAD), иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ метавонад 6,6 дарсад рушд кунад.

Қонуни нави муҳоҷират дар Тоҷикистон: оё мушкилоти муҳоҷирон ҳал мешаванд?

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд раванди муҳоҷиратро рақамӣ карда, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони кориро тақвият ва сатҳи муҳоҷиратро коҳиш диҳанд.

Манъи ҳиҷоб дар мактабҳо Озабойҷон баҳсҳои навро ба миён овард

Дар Озарбойҷон пас аз ҷорӣ шудани қоидаҳои нави либоси мактабӣ, масъалаи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ баҳсбарангез шудааст.