22.9 C
Dushanbe

Мукофотпулӣ барои ёфтани муҳоҷирони “ғайриқонунӣ”

Думаи давлатии Русия барои шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирони “қонуншикан” хабар медиҳанд, мукофотпулӣ муайян мекунад.

Ин пешниҳод аз ҷониби вакилон аз ҳизби “Одамони нав” ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шудааст. Вакилон дар ин тарҳ пешниҳод кардаанд, ба шаҳрвандоне, ки дар бораи вайронкуниҳои қонунгузории муҳоҷират аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд, мукофотпулӣ ҷорӣ карда шавад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, муаллифони ин ташаббус Владислав Даванков, Ярослав Самилин ва Владимир Плякин буда, тарҳ ба Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколстсев фиристода шудааст.

Гуфта мешавад, барои гирифтани ин мукофотпулӣ, маълумоти пешниҳодшуда бояд далелҳои қавӣ дошта бошад ва дар сурати тасдиқи он шаҳрванд метавонад барои ҳар як муҳоҷири “ғайриқонунӣ”-и хабар кардааш, мукофот гирад.

Инчунин вакилон пешниҳод кардаанд, ки ҷаримаҳо барои вайронкунандагони қоидаҳои муҳоҷират сахттар карда шаванд.

Аз ҷумла, барои ҳолатҳое, ки нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ қабул мешавад, ҳаҷми ҷарима бояд аз 2–7 ҳазор то 100 ҳазор рубли русӣ баланд бардошта шавад ва илова бар ин, ҳама амволи муҳоҷир, аз ҷумла маблағҳои пулии ӯ, бояд ба фоидаи давлат мусодира карда шаванд.

Вакилон гуфтаанд, ки бояд нисфи даромади ба дастомада аз ҷарима ва мусодира бояд ба он шаҳрванд дода шавад, ки муроҷиати ӯ сабаби боздошт ва ихроҷи муҳоҷири ғайриқонунӣ гардидааст.

Ба андешаи вакилон, ҳавасмандии молиявӣ шаҳрвандонро водор месозад, ки фаъолона дар бораи ҳолатҳои будубоши ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.

Пештар аз ин низ вакил Сергей Каргинов пешниҳод карда буд, ки барои маълумот дар бораи зисти ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ 100 ҳазор рубл ба “хабаркаш” пардохт карда шавад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи муҳоҷират, агар ин қонун қабул шавад, бо умеди дарёфти мукофот эҳтимоли зиёд шудани шикоятҳои бардурӯғ аз болои муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки ин корро дар байни ҷомеаи Русия бегонаситезиро шиддат мебахшад.

Ҳатто бе қабули ин қонун ҳам дар аксар минтақаҳои Русия гурӯҳҳои бо рӯҳияи радикалӣ ба мисли ҳаракати миллатгароёи “Русская община” фаъол гаштаанд. Онҳо рейдҳои ба ном “гаштҳои шаҳрвандӣ” гузаронда, ҳуҷҷатҳоро асосан аз рӯйи намуди зоҳирӣ санҷида, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус зодагони Осиёи Марказӣ бадрафторӣ мекунанд ва наворҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Қабули қонуни мазкур метавонад ба чунин амалҳо ҳукми қонуният бахшад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.