31.9 C
Dushanbe

Мулоқоти мақомоти тоҷик бо намояндагони Парлумони Аврупо

Рӯзи сешанбе, 16-уми майи соли ҷорӣ ҳайате аз вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ каданд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин мулоқот ҳайтаи вакилони Парлумони Аврупоро Андрис Америкс ва ҳайти Тоҷикистонро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекарданд.

Дар мулоқот намояндагони тоҷик таъкид карданд, ки Тоҷикистон бо пешгирии “сиёсати дарҳои кушода ҳамкории неку дӯстонаро бо давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо” пеш гирифтааст.

Дар хабар ҳамчунин ишора шуад, ки “Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2004 асоси бунёдии муносибати тарафайн дониста мешавад.”

Гуфта мешавад, дар дидори мақомоти тоҷик бо намояндагони ИА инчунин дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба “дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, бартарафсозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, обу экология, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ” гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Дар мавриди тавофуқот ва созишномаҳо дар ин дидор чизе гуфта намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гуфтугӯи телефонии Муҳриддин ва Ароқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эрониаш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Афғонистон

Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз ду қочоқбари афғон кушта ва даҳҳо кг маводи мухаддир мусодира шудааст. 

Фоҷеа: Модари ҷавон 4 фарзандашро ба дарё андохту кушт

Як зани 27-сола бо номи Мадина Ҳалимова, сокини ноҳияи Фархор, бо се духтар ва як писари хурдсолаш худро ба дарёи Сурхоб андохт, вале худаш аз марг наҷот ёфт.

Оташбаси 60-рӯза миёни Исроил ва ҲАМОС дар Ғазза

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки Исроил тарҳи оташбасеро, ки Қатар пешниҳод кард, пазируфтааст.