Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи ахир бо шуморе аз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла бо вазири корҳои хориҷӣ, раиси Бонки миллӣ ва раиси вилояти Суғд мулоқот кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 25-уми июли соли 2023 аз мулоқоти вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер хабар дода, афзуд, ки “ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.“
Пеш аз ин 24-уми моҳи ҷорӣ сафорати ИМА хабар дода буд: “Сафири ИМА Мануэл Микаллер дар шаҳри Хуҷанд бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи ҳамкориҳои судманди ИМА ва Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузории мустақими хориҷӣ дар Суғд ва имкониятҳои нави рушд баррасӣ шуд.”
Сафири Амикор чанд рӯзи ахир дар чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қарор дошт ва барои мисол рӯзи 18-уми июли соли ҷорӣ ҳамроҳ “бо Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Қозидавлат Қоимдод дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз пойгоҳи обкашии таъмиршудаи Хоҷабақирғон-1 дидан намуда” буд.
Гуфта мешавад, Мануэл Микаллер дар ин вилоят бо даҳҳо аз нафар аз донишҷӯён аз шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Зафаробод дар ҳамоишҳои Марказҳои амрикоӣ мулоқот карда, “барои дастгирии барномаҳои ИМА дар вилояти Суғд” аз раиси вилоят “изҳори сипос” кард.
Маълум нест, ки оё Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ин тарадудҳои зиёди сафири ИМА дар як ҳафта ахир дар вилояти Суғд “нигарон” шуда ва ба ҳамин хотир ин мулоқот бо ҳузури худи Сироҷиддин Муҳриддин сурат гирифта аст ва ё ин, ки дидори сафир бо вазир ва дигарон аз қабл барномарезӣ шуда буд?