37.9 C
Dushanbe

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, “ҷонибҳо зимни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.”

Гуфта мешавад, дар давоми се моҳи ахир даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, бо иттиҳомоти мухталиф боздошт шуда, мақомоти Тоҷикистон ҳам барои интиқоли бархе аз онҳо ба Ватан ҳамкориҳои худро бо ҳамтоёни туркашон густариш додаанд.

Инчунин бархе аз тоҷикистониҳои муқими Туркия дар суҳбат ба Azda tv аз он шикоят карданд, ки тайи як моҳи ахир дар шаҳрҳои Истанбул ва Анқара аз ҷониби ба ном кормандони мақомоти Тоҷикистон борҳо зери фишор қарор гирифтаанд.

Ба гуфта онҳо, кор то ҷое расида, ки ҳатто баъзе аз авқот ин ба ном кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ошхонаву бозорҳо, ки маъмулан хеле аз ҷавонони тоҷикистонӣ дар он ҷойҳо кор мекунанд, рафта, онҳоро мавриди бозпурсӣ ва фишору таҳдид қарор дода, мегуфтаанд, ки дар сурати “ҳамкорӣ накардан бо онҳо” боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...