13.9 C
Dushanbe

Мулоқоти Ятимову Тошиев дар Бодканд

Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев бори дуввум аст, ки дар моҳи ҷорӣ мулоқот мекунанд.

Бино ба иттилои расонаи ҳукуматии “Ховар”, Ятимову Тошиев рӯзи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон, дар чорчӯби ҳайатҳои кории ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз мулоқот карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ин мулоқоти навбатӣ натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро дар соли 2023 баррасӣ намуда, барои тақвияти корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар “супоришҳои мушаххас” додаанд. Аммо маълум нест ин “супоришҳои мушаххас” дақиқан чиро дар бар мегиранд ва ҷузъиёте дода нашудааст.

Пештар аз ин, раҳбарони Кумитаи амниятии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон дар масъалаи аломатгузории марзи ду кишвар мулоқот карда буданд.

Бояд қайд кард, ки ҷониби Тоҷикистон ба фарқ аз қирғизҳо ҷузъиёти нишастҳоро ба расонаҳо шарҳ намедиҳад.

Мулоқоти Ятимову Тошиев дар ҳоле сурат мегирад, ки дирӯз, 11-уми декабр раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар мулоқот бо сокинони Бодканд гуфт, ки душвории вобаста ба сарҳад бо Тоҷикистон дар остонаи тамомшавист ва эҳтимол дар баҳори соли 2024 ҳал шавад.

“Гуфтушунидҳо дар бораи марз ба зудӣ анҷом меёбанд. Бовар доштем, ки масъала то Ҷашни соли нав ба охир мерасад, аммо андаке дер шуд. Шояд баҳори соли оянда ба охир бирасад. Мо талош дорем, масъалаи сарҳадро бо роҳи дипломатӣ ҳал кунем. Ҳайати кории байниҳукуматӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории марз низ пайваста кор мекунад”, – гуфтааст Содир Ҷабборов дар мулоқот бо сокинон Бодканд.

Пештар аз ин, мақомоти Қирғизистон борҳо гуфта буданд, ки ба эҳтимоли зиёд то поёни соли 2023 масоили баҳсии марзро бо Тоҷикистон ҳал хоҳанд кард ва ба мувофиқаи ниҳоӣ хоҳанд расид.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мисли ҳамеша хомӯшанд ва ба сокинон дар мавриди раванди музокироти варзӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда чизе намегӯянд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ин лаҳза садҳо километри он муайян шудааст.

Дар соли 2023, бахусус дар 3 моҳи ахир, ҳайтҳои корӣ ва топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизизистон фаъолияти худро бештар карда, ҷонибҳо аз мувофиқаи тақрибан 100 километр марзи давлатӣ хабар доданд. Аммо гуфта намешавад, ки ҷонибҳо маҳз болои кадом қитъаҳои марз мувофиқа кардаанд, ки ин кор мояи ташвиши баъзе аз сокинони наздимарзӣ низ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Давоми 2-3 соли ахир борҳо байни сокинони марзии ду кишвар бар сари нуқтаҳои аломатгузоринашудаи марз даргириҳо рух дод, ки дар натҷиаи ин муноқишаҳо аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.