Мулоқоти Ҷозеф Боррелл бо раҳбарони тоҷик дар Душанбе

Ҷозеф Боррелл, Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон бо ҳайатҳои баландпояи кишвар дидору мулоқот кард.

Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки дар раъси як ҳайъати боломақоми ин созмон ду рӯз пеш вориди Душанбе шуда буд, субҳи дирӯз дар нишасте бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ пушти дарҳои баста мулоқот кард.

Инчунин вай дар давоми рӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишварамон дар алоҳидагӣ мулоқот намуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар бораи ин мулоқоти раиси Ҳукумат бо раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гузориш дод, вале тафсилоти бештари мулоқотҳо зикр нанушааст. Ва инчунин гуфта нашудааст, ки ҷонибҳо дар мавриди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон чизе гуфта бошанд.

Аммо Маркази матбуоти равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо интишори баёния гуфт, ки дар мулоқотҳо ҷонибҳо ҳавасмандии муштараки худро дар бунёди шарокати қавӣ мабнӣ бар арзишҳои умумӣ ва манфиатҳои тарафайн таъкид карданд. Инчунин дар баёнияи ИА гуфта мешавад, ки дар мулоқоти намояндагони ИА бо намояндагони Тоҷикистон бори дигар аҳамияти пешрафтро дар волоияти қонун, демократия, идора, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва татбиқи комили ҳуқуқи занону духтарон, ки нуқтаи калидии ҳамкории ИА бо шарикони худ дар саросари ҷаҳон мебошад, тасдиқ карданд.

Ҳамзамон субҳи рӯзи 23-уми ноябр ҷаноби Ҷозеф Боррелл бо ифтихор аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ташаккур карда, таъкид намудааст, ки “дар бораи мубориза бо коронавирус, таҳкими амнияти минтақавӣ, барқарорсозии зерсохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, масоили вобаста ба муҳити зист ва масъалаи об суҳбатҳои муҳим доштем.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.