Тоҷикистон

Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистн дар Бишкек

Гурӯҳҳои кории топографии ҳукуматҳои Тоҷикистону Ғирғизистон аз 3-ум то 9-уми феврли соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии худро гузарониданд.

Акс аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Имрӯз, 9-уми феврал Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз доир шудани вохӯрии ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марз хабар дод.

Тибқи иттилои  Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин вохӯрии навбатӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуда, як ҳафта идома пайдо кардааст.

Гуфта мешавад, дар охири ҷаласаи чандрӯза ҳайатҳои корӣ ба мувофиқатҳое даст ёфтанд ва "протоколҳои дахлдор ба имзо расиданд." Аммо ба таври мушаххас гуфта нашудааст, ки ҳайатҳои топографӣ ба чӣ тавофуқоте даст ёфтанд ва чанд километр аз нуқтаҳои баҳсии марз мушаххас шудааст.

Тибқи иттилои вазорат, вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки байни сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки муноқишаҳои идома дорад. Ҳатто чанд соли ахир ба дахолати нерӯҳои низомӣ ва кушта шудани даҳҳо нафар аз ду ҷониб анҷомид.

Аммо дар ин моҳҳои ахир аз беҳбуд шудани робитаҳо гуфта мешавад. Моҳи январи соли ҷорӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз тамосҳои телефонӣ гуфта буданд, ки вазъияти буҳронӣ байни ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ аст. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон чанде пеш бо таъйиди ин раванд гуфт буд, ки авзоъ хеле беҳтар шудааст.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Тоҷикистон

Тоҷикистон

Раиси вилояти Суғдро болои қолинҳои сурху сафед роҳ надодан

Афғонистон

Толибон: Қотили волии Балх тоҷикистонӣ буд

Тоҷикистон

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Тоҷикистон

КДАМ: Бачаат гапатро нагирад, оқаш кун!