31.9 C
Dushanbe

Муовини Саидҷаъфар Усмонзода низ боздошт шуд

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигор ва муовини аввали раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озоди бо такия ба манобеи худ рӯзи 27-уми июн хабар дод.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки Аҳмадшоҳ Комилзода аз 15-уми июн дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ мешавад.

Як манбаи дигар, ки наздик ба Додситонии кулли Тоҷикистон аст хабари боздошти Аҳмадшоҳ Комилзодаро тасдиқ карда, гуфтааст, рӯзи 16-уми июн хонаи Аҳмадшоҳ Комилзодаро кофтуков карда, компиютер, қайдҳо ва телфони дувуми ӯро бо худ бурдаанд.

Гуфта мешавад, бар зидди Аҳмадшоҳ Комилзода парвандаи ҷиноятӣ боз шуддаст, аммо мушаххас нест ӯ бо чӣ ҷурм муттаҳам дониста мешавад.

Боздоши Комилзода дар ҳоле сурат мегирад, ки 12-уми июни соли ҷорӣ Саидҷаъфар Усмонзода, раиси ҲДТ аз ҷониби мақомот бо иттиҳоми “кӯшиши ғасби ҳукумат” боздошт шуда буд.

Дар пайи боздошти Усмонзода мақомот чандин чеҳраҳои сиёсии дигарро низ боздошт кард, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро боздошту бозпурсӣ кард. Ва дар пайи ӯ мақомот Акбаршо Искандаровро низ ҳамроҳи ронандаи собиқаш боздошт кардаанд, аммо ронандаи ӯро баъди чанд рӯз ҷавоб додаанд.

Дар бораи сарнавишти худи Искандаров ва ба чӣ гумонбар ё айбдор шудани ӯ иттилои дақиқе дар даст нест, аммо манобеи “Бомдод” гуфтаанд, ки 14-уми июн мақомот хонаи ӯро, ки дар маҳаллаи Ҳаёти Нави шаҳри Душанбе воқеъ аст, кофтуков карда, “он рӯз чизи зиёд бароварда, бо худ бурданд”.

Пештар аз ин Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири шабакаи “Ислоҳ” ва Додоҷон Атовуллоев, раҳбари “Ватандор” аз боздошту бозпурсии беш аз 50 нафар собиқадорони Ҳукумат ва мухолифин, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов ва собиқ қумондони оппозитсия ва аъзои Ҳукумат Саламшо Муҳаббатов, полковник ва собиқ сардори гурӯҳи зиддитеррористии “Алфа”-и КДАМ ва ғайраҳо хабар дода буданд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин боздошту бозпурсиҳои чеҳраҳои шинохтаи кишварро шарҳ надодаанд.

Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон вақте аз парлумон бекор кардани дахлнопазирии вакилии Усмонзодаро дархост мекард, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва “дигарон” кушода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Туркия

Як зани тоҷикро барои доштани ҳиҷоб ба бинои консулгарии...

Президенти Чин ба Тоҷикистон сафар мекунад

Президенти Чин дар раъси як ҳайати расмии кишвараш бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меравад.

Ҳукми зиндони Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев дар Русия

Додгоҳи ноҳияи Басмании шаҳри Маскав Муҳаммадиқбол Садурдинов ва Шарофиддин Гадоевро ба зиндон маҳкум кард.

Бемористонҳо дар Ғазза дар остонаи фурӯпошӣ

Бемористонҳо ва марказҳои табобатӣ дар Навори Ғазза дар ҳоли фурӯпошӣ қарор доранд. Ба иттилои расонаҳо, камбуди шароити табобатӣ вазъи мардумро бадтар кардааст.