29.9 C
Dushanbe

Мураббии тоҷик дар Русия ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Шербинскии шаҳри Маскав мурраббии риштаи куштии озод Алишер Исматзодаро то 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, мурофиаи додгоҳии ин зодаи Тоҷикистон рӯзи 3-уми июл баргузор шуда, ӯро тибқи моддаи 205.1, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне “ҷалби дигарон ба омодагӣ ва ё иҷрои ҷиноятҳои террористӣ” гумонбар медонанд.

Муфаттиш дар рафти мурофиа иддао кардааст, ки Исматзода ба як хешовандаш, ки ҳоло дар Сурия меҷангад ва дар Тоҷикистон дар пайгард қарор дорад, дар се ҳолат ҳамагӣ 10 ҳазору 100 рубл фиристодааст.

Аммо Алишер гуфтааст, ки ба Мамедов замоне пул фиристодааст, ки ин нафар як шаҳрвандӣ оддӣ буд ва ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекард ва пулро ҳам барои хариди пойафзоли варзишӣ фиристода будааст. Мураббӣ ҳамагуна робита бо ин хешовандаш ва дигар аъзоёни гурӯҳҳои ифротиро рад карда, таъкид кардааст, ки оиладор ва пайрави исломи суннатӣ аст.

Вале Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, “дар вақти кофтукоб аз манзили Алишери Исматзода адабиёти ифротӣ пайдо шуд.”

Вакили дифои Исматзода дар шарҳи ҳукми додгоҳ гуфт, ки Алишер дар ҳоле ба ин муттаҳам мешавад, ки тафтишот ҳатто натавонистааст, дар шакле, ки қонун муқаррар кардааст, дар бораи ин муомилот ё фиристодани маблағ маълумот диҳад.

Инчунин вакили дифоъ ба бегуноҳии Алишер таъкид карда гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ӯ дар созмонҳои террористӣ ширкат накардааст ва қасди иштирок карданро ҳам надошта, тарзи ҳаёти дунявӣ дораду дар ҷомеаи рус идғом шудааст ва се фарзанди ноболиғ дорад.

Дар рафти мурофиа вакили дифоъ аз додгоҳ хост, Исматзода ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад, аммо додгоҳ ин дархости вакили дифоъро рад кард.

Тибқи иттилои расонаҳо, Алишер Исматзода 32 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) мебошад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 4-уми июл бо нашри изҳороте гуфтааст, ки Алишери Исматзода шаҳрвандии Русияро дорад.

Ӯ соли 2015 Донишгоҳи давлатии варзиш ва туризми Русияро хатм карда, устоди варзиши Русия оид ба куштии озод, номзад ба устоди варзиш аз рӯи куштии юнонию румӣ мебошад. Ӯ муддате дар мақоми муррабии калони мунтахаби Маскав оид ба куштии озод ва мураббии калони мунтахаби Русия оид ба куштии озод дар миёни занон кор кардааст ва то замони боздошташ муррабии мунтахаби ҷавонони Русия оид ба куштии озод буд.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл”, ки мақомоти Русия зодагони Тоҷикистонро дар он гумонбар медонанд, фишор болои тоҷикон дар ин кишвар бештар шуда, мақомоти рус, бахусус Кумитаи тафтишотӣ бо раҳбарии Александр Бастрикин зодагони Тоҷикистонро боздошт ва бо ин баҳона бадном мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Гутерриш дар Душанбе

Шоми 4-уми июли соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон омад.

Си Ҷинпин ба Тоҷикистон омад

Шоми 4-уми июл раисҷумҳури Чин Сиҷинпин пас аз нишасти Остона ба Тоҷикистон омад.

Эъломияи ниҳоии Созмони ҳамкориҳои Шанхай

Имрӯз 4-уми июл дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай эъломияи ниҳоии ин ҷаласаро имзо карданд.

Тоҷикистон ва қарзҳои Чину масъулиятҳои Рустами Эмомалӣ

Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин пас аз поёни нишасти СҲШ, ки дар Остона баргузор шуд, ба Тоҷикистон меояд.