14.9 C
Dushanbe

Модари Гулбиддин: Агар ҳақиқатро нагӯед, худамро ба дор меовезам!

Модари Гулбиддин Зиёбеков, ҷавоне, ки рӯзи 25-ноябр бо як ваҳшиёнат аз ҷониби мақомоти қудратӣ ба қатл расонида шуд, дар як муроҷиати видеоӣ мегӯяд, ки баъди 20 рӯзи ба вазифаи раиси вилоят таъйин шудани Алишер Мирзонаботов ин ҳодиса рух дод ва қатли Гулбиддин нақшаи пешинаи ӯ буд.

Дар идома модари Гулбиддин мегӯяд, “чунин рафтори ғайриқонунӣ ва ноодилонаи кормандони КДАМ сабаб шуд, ки сокинони вилоят ҷасади беҷони писарамро бо эҳсосу ҳайҷон ба майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ оварданд.”

Ӯ мегӯяд, ман ва мардуми ҷамъомада мехостем сабаби “рафтори ваҳшиёна ва фашистонаи кормандони амниятро фаҳмем. Аммо кормандони КДАМ аз пеш дар идораҳои маъмурии вилоят камин гирифта буданд, тирпарониро ба тарафи мардум шуруъ карданд, ки дар натиҷа 17 нафар захмӣ шуд ва 2 нафари дигар ҷон бохт.”

Аз ютуб-канали “UFUQ tv”

Модари Гулбиддин Зиёбеков дар идома мегӯяд, мо давоми се шабонарӯз бо ҷанозаҳои писаронамон дар хунукии сахт, хоб накарда, аз ҳукумати вилоят ва мақомҳои қудратӣ маънидод кардани чунин рафторашонро талаб кардем, аммо касе назди мо набаромад.

Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, ки марудми онҷо ҷамъомада ҷинояткор нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонони Бадахшонро “нолаи зори ман ва нолаи модари дигаре, ки дар болои ҷасади писараш фиғон мекашид, ба онҷо ҷамъ кард”. Ба гуфтаи ин модар, ҷамъ шудани мардум баёнгари он аст, ки ҳанӯз ҳам ҷони одам дар Бадахшон арзиш дорад ва мардум ба ҳамдигар ғамшариканд ва ҳиссёти инсонии худро иброз медоранд.

Ин модар иддаои мақомотро дар хусуси он ки фаразандаш Гулбиддинро дар телевизионҳои давлатӣ бидуни он ки тафтишот ба поён расида бошад, ҷинояткор ва террорист нишон медиҳанд, рад карда мегӯяд, фарзандаш ҷинояткор набуд. Ӯ мегӯяд, то ба охир расидани тафтишот ва содир шудани ҳукми суд ҳеч кас ҳақ надорад фарзанди маро ҷинояткор бигӯяд.

Ӯ дар хитоб ба онҳое, ки дар телевизионҳои давлатӣ Гулбиддинро ҷинояткор мехонданд, мегӯяд, “оё метавонед ин ҷинояти содиркардаи писарамро ба ман собит кунед. Оё шумо дар раванди ваҳшиёна куштани фарзандам иштирок доштед?

Модари Гулбиддин дар охир суол мегузорад, ки маънои амният чист? Ва худаш дар посух мегӯяд, маънои амният куштани мардуми бегуноҳ аст. Гӯё фарзанди ман муовини прокурорро як торсак зада бошад, агарчи исбот нашудааст, оё бо як торсак бояд одамро бикушед? Ё ҳамеша телевизиони Бадахшон аз дарахтони буридашуда ва ҷиноятҳои пешакӣ содиршудаи на онқадар вазнин сухан мегӯяд, оё арзиши дарахт аз ҷони инсонӣ болотар аст?

Ин модар дар охир хитоб ба мақомоти давлатӣ мегӯяд, агар додгоҳ адолат ва ҳақиқатро пайдо накунад, ман худамро дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ба дор меовезам.

Гулбиддин Зиёбеков рӯзи 25-уми ноябр тавассути мақомоти қудратӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз хонааш боздошт ва тавассути мақомот бо зарби 7 тир дар роҳ ба қатл расид. Пас аз додхоҳии модари ӯ ва мардуми Бадахшон мақомот болои гирдиҳам омадагон оташ кушоданд ва дар натиҷа 2 нафари дигар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон аз рӯзи аввали ҳодиса талош карданд, ки тамоми тамосҳои электронӣ бо ин вилоят, бахусус ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон ва маркази маръумурии вилоят шаҳри Хоруғро қатъ кунанд.

Гуфтанист, қатъи Интернет ва дигар намуди тамосҳои электронӣ боварии мардумро нисбат ба мақомот ва ҳукумати марказӣ дар пойинтарин дараҷа қарор дода, дар замони асри табодули иттиллот ва тиҷорат тавассути Интернет ба мушкилоти мардум афзуда, нигаронии наздикону пайвандони онҳоро зиёдтар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.