Муроҷиатнома ба сардори СРИҶҶ Мансурҷон Умаров

Шуҳрати Раҳматулло рӯзноманигор ва фарзанди зиндонии сиёсӣ Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб дар саҳифаи

Муроҷиатнома ба муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати Адлия (СРИҶҶ) Умаров Мансурҷон Ғаффорович

Ҷаноби Мансурҷон Умаров аз шумо талаб дорам, ки ба зердастонатон дар ин “зиндони замонавӣ” таваҷҷӯҳ карда ҷилавашонро кашед, то бо маҳбусони сиёсӣ муносибати инсонӣ дошта бошанд. Вагарна кор аз ҳад, ки гузашт ҳамон тавр бадбинӣ нисбати ин гуна кормандон боқӣ ва бештар хоҳад шуд.

Имрӯз пайвандонам ба зиндон барои дидори падарам рафтанд ва муносибати ғайриинсонии зиндонбонҳо боис шуд, ки аз онҷо бо гиря ва оби чашм ба хона биёянд. Инчунин рафтори дағалонаву беадабонаи зердастонатон боиси рехтани оби дидаи падарам низ шуда.

Магар онҳо “падар надоранд ё танҳо дар ин ниҳод бепадаронро ба кор ҷалб мекунанд?” Вақте аз зиндонбонҳо айнан ҳамин суолро пурсон шуданд, бо тамасхуру писханд мегуфтанд, “одами бегуноҳ дар зиндон намеафтад”.Шумо ва ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ медонед, ки падарам ва амсоли ӯ бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд. Ва то имрӯз ҳеҷ куҷое исбот нашуда, ки ҷурме содир карда бошанд. Бигзарем…

Ному насаби кормандони беадаби ин зиндони нави замонавиро бо сабабҳои бехатарии падарам зикр намекунам ва инчунин баъди шикояти пайвандонам аз ҷониби масъулини зиндон ваъда шуда, ки масъаларо “внутрений ҳал мекунем”. Вале чунин ваъдаҳоро ҳам бисёр шунидаем.

Бино бар ин, аз шумо ҳамчун сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон талаб дорам, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунед. Зеро шумо дар зиндон нестед ва шояд ингуна бемасъулиятро дар зиндони нав нашунидаед ва фикр накунам, ки чунин муносибати бади зиндонбонҳо маҳз бо дастури касе анҷом шавад.

Қаблан дар як мусоҳиба бо Спутник-Тоҷикистон дар робита ба вазъи саломатии зиндониҳои сиёсӣ хеле самимӣ ва ба воқеъият наздик аз вазъи беҳдошти зиндониён масъаларо матраҳ карда будед. Ва ба хабарнигор ишора ҳам карда будед, ки агар бовар надоред аз худи ӯ яъне банда пурсанд, ки хабарҳои зиндонро аз куҷо дастрас мекунанд ва гуфтед маҳбусони сиёсӣ тибқи муқаррароти зиндон иҷоза доранд, ки ҳафтае ду маротиба бо хонаводаҳояшон дар тамос бошанд.

Инчунин аз шумо мехоҳам, ки онҷо рафта воқеъиятро аз наздик бибинед ва шароити беҳдошт ва будубоши онҳоро тибқи стандарҳои қабулшуда таъмин намоед. Ҳамзамон лулаҳо ва зарфи обгирии (бушкаи чандтонае, ки дар сурат мебинед) зиндон, ки маҳбусонро касал кардааст иваз намоед. Зеро оби ифлосу занголуди он метавонад боиси марги зиндониҳо шавад…

Агар такрор ҳам шавад, мегӯям, ки онҳо бо ангезаҳои сиёсӣ дар зиндонанд ва дигар барои ҳукумати кунуниву ларзонидани курсиҳои мансабдоронаш ҳеҷ хатаре надоранд. Хатарро дар муносибати бепарвоёнаи масъулон нисбати мардум бояд ҷуст. Ҳамзамон шикояти пайвандони маҳбусони сиёсиро, ки қаблан гузориш шуда буд, онро ба инобат бигиред.

Бо эҳтиром, Шуҳрати Раҳматулло фарзанди зиндонии сиёсӣ Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.

Украина мегӯяд: 20 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ барои Русия меҷанганд

Украина беш аз 20 ҳазор ҷангҷӯи ҷалбшуда ба артиши Русия аз кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардааст. Мақомоти Осиёи Марказӣ бошанд, мавқеи ягона надоранд.

Клинтон ояте аз Қуръон хонду шоҳ Чарлз меҳмонашро бо ҳадис пешвоз гирифт

Билл Клинтон, собиқ раисҷумҳури Амрико бо ишора ба Қуръон таҳқири мусулмононро маҳкум кард ва шоҳ Чарлзи III дар қабули султони Умон ҳадиси Паёмбар (с)-ро ба арабӣ хонд.

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.