9.9 C
Dushanbe

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов паси дарҳои баста

25-уми майи соли 2023 дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Хуршед Фозилов паси дарҳои баста баргузор гардид. Додситон ба рӯзноманигор Хуршед Фозилов 7 солу 6 моҳ зиндон талаб кард.

Пайвандони ин рӯзноманигори боздоштшуда дар суҳбат ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳоро расман ба мурофиа даъват накарда буданд. Аммо пас аз талаби додситон ва суханронии вакили мудофеъ баҳс ба миён омада, бародар ва модари Хуршед Фозиловро ба макони мурофиа роҳ додаанд.

Хушбахт Фозилов, бародари рӯзноманигор дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов мегӯяд, аз ӯ пурсидаанд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард ё не? “Суол доданд, ки кумаки молӣ менамуд? Гуфтам, фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам.”

Дар мурофиа аз рӯзноманигор ду вакили мудофеъ – Дилафрӯз Самадова ва Анвар Бобохонов ҳимоят кардаанд. Вакили мудофеъ Анвар Бобохонов гуфтааст, ки иттиҳом нисбати зерҳимояааш беасос аст ва аз додрас хостааст, ки ин рӯзноманигорро аз толор озод кунад.

Таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ду ҳафта пеш ба охир расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.

Модари рӯзноманигор аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов дар ҳоле дар боздоштгоҳ баргузор мешавад, ки пештар Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ӯ бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хост, ки мурофиаро дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор кунанд ва ба наздикону пайвандонаш иҷозаи ширкатро диҳанд. Аммо ин дархостро додрас рад кардааст.

Одатан мурофиаҳои додгоҳии фаъолону рӯзноманигорон ва мухолифон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ паси дарҳои баста баргузор мешавад. Мақомот ҳамингуна мехоҳад далелҳоеро, ки бегуноҳии ин афродро собит мекунанд, аз чашми ҷомеа пинҳон нигаҳ доранд. 

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов 6-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Панҷакент боздошт шуд. 

Баъд аз боздошт мақомот ӯро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар донистанд. Аммо рӯзноманигори боздоштшуда иттиҳоми мақомотро рад карда гуфтааст, ки танҳо дар доираи қонун фаъолият дошт. 

Ин рӯзноманигор дар суҳбат бо вакилаш гуфтааст, ки мақомоти амниятии кишвар ӯро маҷбур кардаанд то бар зидди худаш шаҳодат диҳад.

Хуршед Фозилов аз боздошти худсарона, риоя накардани дахлнопазирии шахсӣ ва маҷбуран шоҳидӣ додан алайҳи худ, ба додситонии вилояти Суғд шикоят кард. 

Мақомот аз замони боздошти Хуршед Фозилов то ҳол қазияи ӯро шарҳ надодаанд.  

Хуршед Фозилов 37 сол дошта, соҳиби 3 фарзанд мебошад ва аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузоришҳои иҷтимоӣ менавишт. Пештар ӯро барои ҳамкорӣ бо собиқ сомонаи хабарии “Ахбор.ком” ҳамроҳи чанд рӯзноманигори дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода буданд.

Дар як соли охир мақомоти кишвар чанд тан аз рӯзноманигорону блогерони шинохтаро бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон карданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии онҳоро талаб кардаанд, аммо Тоҷикистон мисли ҳамеша тавсия ва талаби созмонҳоро нодида мегирад.

Саркӯбҳо дар кишвар боис гаштааст, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот поёнтар аз Афғонистон, ки онҷо зимоми қудратро Толибон дар даст доранд, қарор бигирад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи тоҷикон аз Кореяи Ҷанубӣ

Бино ба иттилои манобеи Azda tv, мақомоти Кореяи Ҷанубӣ дар ин чанд рӯзи ахир бархе аз муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Лаҳистон ба Тоҷикистон

Мақомоти Лаҳистон ҳафтаи гузашта боз як фаъоли тоҷикро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Чаро ҷавонон ифротгаро мешаванд?

Маънои луғавӣ ва истилоҳии ифротгароӣ Ифротгароӣ дар луғат ба маънои аз ҳад гузаштан, аз меъёр гузаштан ва зиёдаравӣ кардан аст (фарҳанги форсии Муин, фарҳанги форсии Амид). Калимаҳои мутародиф ва ё ҳаммаъно бо ифрот иғроқ, газофа, муболиға, сахтгирӣ, ғулув ва монанди ин мебошанд.