22.9 C
Dushanbe

Мутахассиси хорватӣ сармурабии тими футболи Тоҷикистон шуд

Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14-уми июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Мутахассиси хорватӣ иҷозатномаи мурабигии “Pro”-и UEFA-ро дошта, дар маҷлиси Кумитаи ичроияи Федератсияи футбол, ки имрӯз баргузор гардид, ба ҳайси сармураббии тими футболи Тоҷикистон интихоб шуд.

Курсии сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз моҳи июни соли 2021  баъди тамдид нашудани қарордоди мураббии ӯзбек Усмон Тошев 7 моҳ боз холӣ монда буд.

Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омада, вале дар Олмон ба воя расидааст. Ӯ ҳамчун бозигар дар дастаҳои ҳаваскори Олмон бозӣ мекард ва собиқаи мураббигиашро низ аз дастаҳои ҳаваскор сар кард. Аз соли 1996 ба ҳайси ёвари Клаус Топмёллер дар дастаи “Бохум”, баъдан дар “Дуйсбург” ва “Валдхоф” дар тими мураббиёни ин дастаҳо кор кардааст.Сипас чанд тими Австрия, аз ҷумла «Леобен», «Рид» ва «Винер Шпорт-Клуб»-ро роҳбарӣ кардааст.

Соли 2006 Сегрт ба Гурҷистон рафта, раҳбарии тими ҷавонони он кишварро ба дӯш гирифт, дар ду бозӣ сарпарасти тими миллии Гурҷистон буд. Баъди тарки Гурҷистон Петар Шегрт чанд дастаи Индонезия ва тимҳои миллии Афғонистон ва ҷазираҳои Малдивро роҳбарӣ кардааст.

Фардо, 28-уми январ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.