22.9 C
Dushanbe

Муттаҳам ба асардуздӣ президенти Академияи илмҳо шуд

Имрӯз, 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни як идда аз мақомдорон бо чанд қарору фармонаш ҷойивазкунӣ гузаронд.

Раисҷумҳур аз ҷумла, Қобилҷон Хушвахтзодаро аз мақоми мудири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барканор ва ба мақоми президенти Академи миллии илмҳои кишвар таъйин кард.

Ин дар ҳолест, ки шабакаи “Диссернет“, ки асардуздҳоро фош мекунад, моҳи октябри соли 2022 Қобилҷонро ба асардуздӣ муттаҳам карда буд. Ин шабака навишта буд, ки Бирфиев Қобилҷон Хушвахтович, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номазади илмҳои иқтисодии худро соли 2010 аз Донишгоҳи аграрии кишвар гирифтааст. Вале қайд шуда буд, ки раиси донишгоҳ дар рисолаи илмияш, ки аз 134 иборат аст, 94 саҳифаашро пурра ва ё қисман аз дигар муаллифон бидуни зикри сарчашма кӯчондааст.

Пас аз нашри ин матлаб дар шабакаи “Диссернет” расонаҳо навиштанд, ки мудири як донишгоҳи муътабари Тоҷикистон моли зеҳнии дигаронро дуздида, худро олим ва номзади илм дар соҳаи иқтисодиёт муаррифӣ кардааст.

То ин дам дар мақоми президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ кор мекард. Раҳимӣ низ бо фармони дигаре аз ин мақом ба мақоми раиси Кумитаи навтаъсисе дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Инчунин Эмомлаӣ Раҳмон имрӯз раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаро бо муовинҳояш аз мақомҳояшон озод карда ба дигар мақомҳо ҷойгузин кард. Аз ҷумла, Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки милиро ба мақоми муовини аввали сарвазири Тоҷикистон таъйин кард, ки ин мақом баъд аз барканории Давлаталӣ Саид холӣ буд. Аммо ба мақоми пешинаи Холиқзода Фирдавс Толибзода интихоб шуд. Тилозода то ин дам муовини аввали раиси БМТ буд.

Бо фармони дигаре имрӯз раиси “Амонтбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини раиси Бонки миллӣ таъйин шуд ва муовини Бонки миллӣ Салимзода Алиҷон Абдуҷалолро ба мақоми раиси “Амонатбонк” интихоб кард.

Бо як фармони дигари Эмомалӣ Мирзо Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъйин шудааст. Гуфта мешавад, ин ниҳод низ нав таъсис ёфтааст. Ӯ ҳамзамон муовини якуми президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон низ ҳаст. Файзуллозода то ин дам муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи бархе огоҳон, Файзуллозода яке аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.