Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак ҳамлаҳои Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Навори Ғаззаро маҳкум карданд.
Ин баёния дар пайи нишасти солонаи БРИКС, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, нашр шуд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои Исроил ба “зерсохторҳои ғайринизомӣ ва таъсисоти ҳастаии осоиштаи Эрон” нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.
Раҳбарони БРИКС ҳамзамон аз вазъи инсонӣ дар Фаластин ва идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза изҳори “нигаронии амиқ” карданд.
Ин нишаст бо иштироки сарони кишварҳои узв, аз ҷумла Президенти Бразилия Луиз Инасиу Лула да Силва, сарвазири Чин Ли Кецян, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Эрон Саид Аббос Ароқҷӣ, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ва сарони кишварҳо Африқои Ҷанубӣ Миср Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Индонезия ва Эфиопия баргузор гардид.
Президенти Русия Владимир Путин дар нишаст ба таври онлайн ширкат намуд.
Дар баёнияи муштараки ин гурӯҳ ҳамчунин ҳамлаи моҳи гузашта дар минтақаи Паҳалгами Кашмири таҳти назорати Ҳиндустон, ки боиси ҳалокати чанд нафар гардид, ҳамчун “ҳамлаи террористӣ” маҳкум шудааст.
Дар нишасти навбатии БРИКС кишвари Индонезия ҳамчун узви ҷадид қабул гардида, низ 10 кишвари дигар, аз ҷумла Белорусия, Қазоқистон, Узбекистону Малайзия ва дигарон шарикони ин иттиҳодия пазируфта шуданд.
Пас аз баргузории ин нишаст ва эълони аъзои ҷадид ба гурӯҳи БРИКС Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки болои ҳар кишвари узви он 10% андози гумрукиро афзоиш медиҳад.
БРИКС иборат аз иттиҳоди кишварҳои рӯ ба рушд мебошад, ки талош дорад дар баробари гурӯҳҳое чун G7 ва G20 мавқеи мустақил касб намояд. Гурӯҳ зери роҳбарии Чин ва Русия ислоҳи сохторҳои калидии сиёсӣ ва молиявии ҷаҳониро, аз ҷумла Шӯрои Амнияти СММ ва Сандуқи Байналмилалии Пул, пайгирӣ мекунад.
Гуфта мешавад, БРИКС дар талоши коҳиши вобастагӣ аз доллари амрикоӣ ва рушди як низоми алтернативии молӣ мебошад.