Гуфтушунидҳои ғайримустақим байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи ҳассос қарор доранд.
Баъд аз ду даври гуфтушунидҳо дар Уммон ва Женева, ҳарду тараф аз пешрафтҳои маҳдуд хабар доданд, аммо масъалаҳои калидӣ ва ҳассос то занӯз ҳал нашудаанд. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп ба расонаҳо гуфт, ки барои Эрон 10 то 15 рӯз муҳлат дода, то ба созиши “ҳақиқӣ” бирасанд. Трамп гуфт, Эрон бояд хостаи Амрико дар бораи барномаи ҳастаӣ, мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои минтақаӣро қабул кунад, дар акси ҳол “ҳодисаҳои бад” метавонад рух диҳад.
Ин ҳушдорҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки нерӯҳои низомии ИМА дар Ховари Миёна ба ҳадди аксари худ аз замони ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 расидаанд. То кунун садҳо ҳавопаймои ҷангӣ, киштиҳои низомӣ ва сарбозони зиёди худро дар атрофи Эрон мустақар кардааст.
Гуфтушунидҳои охирин дар Женева, 17-уми феврал бо ҳузури намояндагони ҳарду кишвар ва миёнҷиҳои уммонӣ баргузор шуд. Вазири умури хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ гуфт, ки ҳарду тараф дар бораи “усулҳои роҳнамо” ба тавофуқ расидаанд ва Эрон тарҳи муфассалро дар ду ҳафтаи оянда пешниҳод хоҳад кард. Аммо мақомоти ИМА, аз ҷумла ноиби президенти Ҷей Ди Ванс, гуфтанд, ки Эрон ҳанӯз “хатҳои сурх”-и ИМА-ро эътироф накардааст ва пешрафтҳо маҳдуданд.
Ба назари коршиносон, ин гуфтушунидҳо чандон натиҷаи воқеӣ ва малмус надоранд ва танҳо вақти ҳамла ва оғози ҷангро ба қафо меандозад. Худи намояндагони Эрон ҳам қаблан ошкор гуфта буданд, ки ба ин гуфтушунидҳо бовар надоранд, зеро Амрико на гуфтушунид, балки шартгузорӣ мекунад.
Гуфта мешавад, Амрико дар ин музокирот аз Эрон мехоҳад фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро ба ҳадди сифр бирасонад, қувваи мушакҳои баллистикиашро камтар кунад ва инчунин аз ҳимояти гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақаӣ даст бикашад ва ҳеҷ гоҳ набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад. Трамп ба расонаҳо таъкид мекунад, ки агар гуфтушунидҳо ноком шавад, ИМА метавонад ҳамлаҳои ҳавоии худро ба зидди Эрон ҳафтаҳо давом диҳад. Мақомоти ИМА мегӯянд, ки Эрон бояд “хеле оқилона” амал кунад ва созишро қабул кунад, дар акси ҳол ҳамлаҳо барои фишор ба Теҳрон баррасӣ мешавад.
Аммо мақомоти Эрон мегӯянд, омодаанд дар бораи барномаи ҳастаӣ гуфтушунид кунад, аммо ҳаққи ғанисозии ураниумро барои ҳадафҳои осоишта нигоҳ медорад ва инчунин барҳам задан ё тахфифи таҳримҳоро талаб доранд. Теҳрон мегӯяд, ки мушакҳои баллистикӣ ва ҳимоят аз ҳампаймонҳои минтақаӣ (мисли Ҳизбуллоҳ ва Ҳусӣҳо) “хатти сурх” аст ва ҳеҷ гуна гуфтушунидро қабул намекунад. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳушдор додааст, ки ҳар гуна ҳамлаи ИМА ба Эрон бо ҳамлаҳои сахт ба нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа посух дода мешавад.
Коршиносон мегӯянд, ки дар сурати ноком шудани гуфтушунидҳо имкони ҳамлаи Амрико ба Эрон хеле зиёд аст. Пика Васс коршиноси Маркази амнияти навин мегӯяд, ки ҳамла метавонад ҳафтаҳо давом кунад ва таъсисоти ҳастаӣ, мушакӣ ва раҳбарони Эрон дар мадди аввали ҳадафҳои ҳамлаи Амрико қарор хоҳанд гирифт. Аммо хатари ҳамлаҳои ҷавобии Эрон ба пойгоҳҳои ИМА ва Исроил вуҷуд дорад. Худи Амрико низ мегӯяд, ки эҳтимоли тағйири низом дар Эрон камтар аст, аммо ҳамла ба таъсисоти ҳастаӣ ва низомӣ, аз ҷумла ба пойгоҳҳои Сипоҳи посдорони инқилоб ва нерӯҳои Басиҷ хеле қавӣ аст.
