Хариду фурӯши узвҳои инсон: Дар клиникаи “Истиқлол”-и Душанбе чӣ мегузарад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон як гурӯҳи ҷиноятиеро ошкор кардаанд, ки ба хариду фурӯши ғайриқонунии узвҳои инсон муттаҳам мешаванд.

Расонаҳои узбекӣ бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ҳамсоя хабар медиҳанд, ки ин гурӯҳ донорҳо ва беморҳоро ба клиникаи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе бурда, ҷарророҳӣ мекардаанд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин қазия ҳоло як сокини 36-солаи Тошканд, ки қаблан барои авбошӣ зиндонӣ шудааст, ҳамроҳи ҳамсараш боздошт шудаанд.

Тавре тафтишот муайян кардааст, гумонбарон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста шахсонеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки омода буданд узвҳои худро фурӯшанд. Барои ҷалби муштариён, ин оилаи гумонбар наворҳои видеоиро дар бораи беморони ниёзманд ба пайвандсозӣ нашр намуда, ҳисси ҳамдардии истифодабарандагонро бедор мекарданд ва ҳамзамон хизматрасониҳои хариди узвҳоро таблиғ менамуданд.

Пас аз ба даст овардани розигӣ, донорҳоро ба шаҳри Душанбе мебурданд, ки дар клиникаи «Истиқлол», ба гуфтаи ВКД, амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода мешуд. Донорҳо барои узвҳои худ маблағи пулӣ мегирифтанд ва ин узвҳо ба беморони дигар пайванд карда мешуданд.

Ҳамчунин муайян шудааст, ки худи гумонбар қаблан амалиёти пайвандсозии гурдаро аз сар гузаронидааст, аммо маълум нест, ки ин амалиёт ба ин нақша иртибот дорад ё на.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин шахсони дигареро муайян карданд, ки эҳтимолан ба ин фаъолияти ғайриқонунӣ мусоидат намудаанд. Аз ҷумла, бархе мудирони каналҳо ва саҳифаҳо дар Telegram, Instagram ва YouTube низ дар паҳн кардани эълонҳо ва ҷустуҷӯи донорҳо ва беморон иштирок доштаанд.

Аз рӯи ин ҳолат бо қисми дуюми моддаи 133-1 Кодекси ҷиноятии Узбекистон, яъне “хариду фурӯши узвҳои бадан” парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифтан шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон тамоми ҳолатҳо ва инчунин эҳтимоли даст доштани муассисаҳои тиббӣ ва шахсони дигар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Душанберо муайян мекунанд.

То лаҳзаи нашри хабар аз ҷониби намояндагони клиникаи «Истиқлол» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шарҳи расмӣ пешниҳод нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Умар Кремлёв кист? Аз робита бо оилаи Трамп то ҳамкорӣ бо Душанбе

Номи Умар Кремлёв, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), баъди нашри таҳқиқоти нашрияи амрикоии ProPublica дубора дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт.

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.