18.8 C
Dushanbe

Музокироти навбатии Амрико ва Русия

Имрӯз, 24-уми март дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ пушти дарҳои баста ва бидуни иштироки рӯзноманигорон музокироти ҳайатҳои Русия ва Амрико оғоз шуд.

Дар ин музокирот ҷониби Русияро раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ Григорий Карасин ва мушовири директори ФСБ Сергей Беседа намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати ИМА директори аршади Аврупо дар Шӯрои амнияти миллии ИМА Эндрю Пик, директори тарҳрезии сиёсати департаменти давлатӣ Майкл Антон, инчунин ёвари фиристодаи вежаи Украина Кит Келлогг ва мушовири амнияти миллӣ Майкл Уолтс шомиланд.

Дар ин мулоқот масоили поён додани ҷанг дар обҳои баҳри Сиёҳ (созишномаи ғалла) ва қатъи бештари хушунатҳо дар қаламрави Украина баррасӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, созишномаи ғалла моҳи июли соли 2022 дар Истамбул миёни Русия, Украина, Туркия ва СММ дар бораи содироти ғалла аз бандарҳои Украина тавассути баҳри Сиёҳ баста шуда буд. Аммо моҳи июли соли 2023 созишнома аз ҷониби Русия қатъ гардид. Ҳафтаи гузашта Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфта буд, ки барои аз сар гирифтани созишномаи ғалла (баҳри Сиёҳ) бояд баъзе нозукиҳо баррасӣ гардад, зеро шартҳои созиш нисбат ба Русия иҷро нашуда буданд.

Мулоқоти намояндагони Амрико ва Русия дар ҳоле баргузор мегардад, ки як рӯз пеш чунин мулоқоти ҷониби Амрико бо Украина низ баргузор гардида буд. Вазири дифои Украина Рустам Умаров, ки дар ин музокирот ширкат дошт, онро “созанда ва пурмуҳтаво” номида, гуфааст, ки ҳайатҳо масъалаҳои калидӣ, аз ҷумла дар соҳаи энержиро баррасӣ кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ҷониби Украина музокирот дар як миз бо Русияро рад кардааст.

Гуфта мешавад, аз ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷанг миёни онҳо беш аз се сол гузашт ва Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз пирӯз шудан дар интихоботи кишвараш талош дорад ин ҷангро хомӯш созад.

Бо вуҷуди суҳбатҳои телефонӣ ва музокироти намояндагони Амрико, ду ҷониби даргир, Украина ва Русия то ҳол ба натиҷаи назаррасе дар мавриди хотимаи ҷанг ноил нагаштаанд ва ҳамоно ҳамлаҳои Русия ва Украина ба қаламрави якдигар идома дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи "ҳизб"-ро бардоштааст.

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.