Хабар
ИҚТИСОД ҶАҲОН
Тоҷикистон аз як ширкати амрикоӣ 50 мошини парвозкунанда мехарад
Тоҷикистон аз ширкати амрикоии “Samson Sky” бо арзиши беш аз 11 миллион доллар 50 адад мошини парвозкунандаи “Switchblade”-ро мехарад.
Тоҷикистон аз ширкати амрикоии “Samson Sky” 50 адад мошини парвозкунандаи “Switchblade”-ро мехарад. Дар ин бора худи ширкат дар сомонаи расмиаш хабар додааст.
Ширкати мазкур барои фурӯши ин 50 мошини парвозкунандаи Switchblade дар Тоҷикистон бо мушовири байналмилалии рушд Бахтиёр Баходуров ёддошти тафоҳум имзо кардааст. Арзиши умумии ин мошинҳо 11,5 миллион доллари амрикоӣ гуфта мешавад.
Ба иттилои ширкат, ёддошти тафоҳум рӯзи 26-уми марти соли 2026 дар Душанбе, зимни чорабинии “Samson Sky – Welcome to Central Asia”, аз ҷониби Сэм Бусфилд, асосгузор ва роҳбари Samson Sky ва Бахтиёр Баходуров, мушовири байналмилалии рушд дар Тоҷикистон имзо шудааст.
Дар доираи ин ҳамкорӣ ширкат қасд дорад барои такмили қонунгузории Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи умумӣ мусоидат кунад, то истифода ва сабти номи мошинҳои парвозкунандаи Switchblade дар кишвар имконпазир гардад.
Ҳамчунин, баргузории барномаҳои омӯзишии халабонҳо, фароҳам овардани дастрасӣ ба таҷҳизоти тақлидкунандаи парвоз (тренажёрҳо), омӯзиши мутахассисони соҳаи таъмиру нигоҳдории ин мошинҳо ва таъмини қисмҳои эҳтиётӣ пешбинӣ шудааст.
Дар чорабинии Душанбе намояндагони чанд сохтори давлатӣ ва бахши хусусӣ низ иштирок доштаанд. Аз ҷумла, Бахтиёр Шералиев, роҳбари бахши сертификатсия ва назорати Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон, Дилшод Ҷӯразода, директори сармоягузории TajInvest ва Алимаҳмад Қурбонов, муовини роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар миёни иштирокдорон номбар шудаанд.
Switchblade чӣ гуна мошин аст?
Switchblade мошини сечархаест, ки бо кушодани болҳо ва дароз шудани қисми ақибаш ба ҳавопаймои хурд табдил меёбад. Он барои ҳаракат дар роҳ ва парвоз пешбинӣ шуда, ду ҷойи нишаст дорад.
Ба гуфтаи истеҳсолкунанда, мошин метавонад аз ҳолати рондан дар роҳи одӣ ба ҳолати парвоз дар тақрибан се дақиқа гузарад. Аввалин парвози таҷрибавии он 5-уми ноябри соли 2023 дар ИМА анҷом шудааст.
Ширкат дар сомонаи худ менависад, ки барои парвоз Switchblade бояд ҳамчун ҳавопаймои категорияи таҷрибавӣ сабти ном шавад. Дар ИМА тибқи талаботи ин категория соҳиби мошин бояд дар сохтани 51 дарсади он иштирок кунад.
Бо вуҷуди ин, истеҳсоли оммавии мошин ҳанӯз оғоз нашудааст. Тибқи маълумоти бахши саволу ҷавоби сомонаи ширкат, хатти васлкунии он барои тобистони соли 2027 омода хоҳад шуд.
Ҳоло маълум нест, ки дар сурати амалӣ шудани тавофуқи эълоншуда, фурӯши 50 мошин ба Тоҷикистон кай оғоз мешавад ва барои истифодаи онҳо дар кишвар кадом иҷозатномаҳо ва талаботи техникӣ зарур хоҳанд буд.
Ҳамчунин, дар эълони ширкат дар бораи баста шудани шартномаи ниҳоии хариду фурӯш, пардохти маблағ ё тасдиқи хариди ин мошинҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон маълумот дода нашудааст.