Рӯзи 2-юми июни соли 2025 дар шаҳри Истамбули Туркия музокироти навбатӣ миёни намояндагони Русия ва Украина доир гардид.
Мулоқот пушти дарҳои баста бо миёнаравии Туркия баргузор шуд ва он камтар аз як соат идома ёфт.
Дар ин музокирот ҳайати Русияро ёвари Владимир Путин – Владимир Мединский ва ҳайати Украинаро вазири дифои ин кишвар Рустам Умаров раҳбарӣ доштаанд.
Ҷониби Русия барои хотимаи ҷанг ба қаламрави Русия гузаштани минтақаи ишғолшудаи Қрим ва вилоятҳои таҳти назари артиши Русияи Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запорожйе, напайвастани Украина ба НАТО, сабт шудани статуси бетарафии Украина дар Конститутсия ва маҳдуд кардани шумори нерӯҳои артиши Украина пойфишорӣ кардааст.
Аммо ҳайати Украина барои идомаи музокирот оташбаси комили 30-рӯза ва иваз кардани ҳамаи кӯдакони дуздидашуда ва асирони ҷангиро талаб намудааст. Ҳамчунин ҷониби Украина ба нигоҳ доштани ҳуқуқи Киев барои интихоб кардани паймонҳои низомӣ бидуни маҳдудият ва ба кафолатҳои байналмилалӣ барои назорати иҷрои созишҳо таъкид кардааст.
Дар натиҷаи гуфтугӯ ҷонибҳо танҳо дар мавриди иваз намудани то 1 000 асири зинда ва баргардонии тақрибан ҷасади 12 000 сарбози ҳалокшуда ба мувофиқа расидаанд.
Эҳтимол меравад гуфтушуниди навбатии ҷонибҳо дар охирҳои моҳи июн баргузор гардад. Инчунин Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пешниҳоди баргузории музокироти навро бо иштироки Владимир Зеленский, Владимир Путин ва Доналд Трамп гуфтааст, аммо то ҳол ин пешниҳод қабул нагардидааст.
Музокироти навбатии Русия ва Украина дар ҳоле баргузор мешавад, ки 1-уми июни соли ҷорӣ Украина амалиёти васеи низомиро бо номи “Паутина” гузаронд. Дар ин амалиёт Украина бо дронҳои FPV ба чор пойгоҳи ҳавоии Русия ҳамла кард ва дар маҷмуъ беш аз сад ҳавопаймои низомии Русияро ҳадаф қарор дод. Ба гуфтаи Хадамоти амнияти Украина, 13 ҳавопаймои стратегӣ, аз ҷумла 9 бомбаандоз, мисли Ту-95 ва Ту-22М3 нобут карда шуда, хасорот аз 1 то 7 миллиард доллар гуфта мешавад.