32.9 C
Dushanbe

Наҷоти ду сокини пойтахт аз зери девори бетонӣ

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон тавонистааст, ду нафари зери бори бетонӣ мондаро наҷот бидиҳад.

Оҷонсии  «Авеста» аз қавли  Умеда Юсуфӣ, сардори хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон навиштааст, ки соати дуи 20 июл ба қисми навбатдорӣ занг зада бо изтиробу ҳаяҷон хабар доданд, ки ду нафар дар  зери девори бетонӣ мондаанд.

Гуфта мешавад дар наздикии коргоҳи тавлиди нӯшобаи  «Кока-кола» бораи бетонӣ болои ин ду нафар фурӯ меафтад ва онҳо наметавонанд мустақилона аз зери он раҳо ёбанд. Барои наҷоти онҳо гурӯҳи наҷоти зудамали Кумитаи ҳолатҳои изтирории Душанбе ба ҷои ҳодиса меояд. То омадани ин гурӯҳ яке аз зери овормондаҳо муваффақ шудааст, ки ҷисми худро раҳо бахшад.

Нафари дуввумро бошад бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти махсус аз зери девори бетонии семетра наҷотдиҳандаҳо раҳо карданд. Ин сокини 29-солаи пойтахтро, ки ҷароҳатҳои гуногун, вале барои саломатӣ бехатар бардоштааст ба бемористони “Истиқлол” бистарӣ кардаанд.Табибон ҳолати саломати ӯро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.