35.9 C
Dushanbe

Наҷло Будан раиси Ҳукумати Тунис шуд

Қайс Саид, президенти Тунис Наҷло Будан, бонуи 63-соларо муваззаф кард, ки ҳукумати ҷадидро дар ин кишвар ташкил кунад.

Акс аз Алҷазира

Бино ба иттилои шабакаи Алҷазира, Қайс Саид, раиси ҷумҳури Тунис бону Наҷло Будан Ҳарам Рамазонро ба унвони нахусвазир ва раҳбари ҳукумат муаррифӣ карда, вайро муваззаф кардааст, ки дар зудтарин фурсат ҳукумати ҷадиди ин кишварро ташкил кунад.

Саид гуфтааст, ки интихоби бону Наҷло Рамазон, донишманди улуми геологӣ, масъули иҷрои Барномаи Бонки ҷаҳонӣ дар Вазорати таълими олӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ ба унвони нахуствазир эҳтиром ва шараф барои зани тунисӣ аст, ки бори аввал дар торихи кишвар раиси ҳукумат таъйин мешавад.

Шоми рӯзи якшанбеи 25-уми июл Президенти Тунис, Қайс Саъид чанд қарореро қабул намуда буд, ки аз ҷониби сисёсатмадорони кишвараш, ба хусус ҳизби Наҳзати Тунис “инқилоб бар Қонуни асосӣ” ном гирифт.

Саид ҳамчунин қарори барканории сарвазири ин кишвар, Ҳишом Машишӣ, бекор кардани парлумон ва инчунин бекор намудани дахолатнопазирии аъзои парлумонро қабул карда буд.

Раисҷумҳури ин кишвар гуфта буд, ин қарорҳоро дар пай гирдиҳамоиҳои мардум, ки ҳукуматро дар идора ва пешгирии вируси ҳамагир гунаҳкор медонистанду ба кӯчаҳо рехта, истеъфои ҳукуматро талаб карда буданд, гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мишустин аз густариши ҳамкориҳои Русия бо Тоҷикистон гуфт

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар суҳбат бо ҳамтои тоҷикаш...

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.