Нахуствазири собиқи Ҷопон дар ҳангоми як суханронӣ дар ин кишвар мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шудааст.
Ба гузориши
Расонаҳо ба нақл аз Юичӣ Масузу, собиқ шаҳрдори Токио низ навиштаанд, ки оқои Абе дар асари ин ҳодиса дучори “исти қалбӣ” шудааст. “Исти қалбӣ” марҳилаи ниҳои ҳар буҳрони ҷисмонӣ аст ва ин истилоҳи “исти қалбӣ” дар Ҷопон маъмулан пеш аз расман эълон кардани хабари вафоти шахс истифода мешавад. Гуфта мешавад, дар ҷои ҳодиса полис як марди 41-соларо бо иттиҳоми ҳамла ба собиқ нахуствазири ин кишвар боздошт кардааст ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ҳамзамон бархе расонаҳо мегӯянд, ки шахси ҳамлавар ба полис гуфтааст, ки аз амалкарди ҷоноби Абе дар замони раҳбариаш норозӣ будааст ва ба ин хотир ӯро террор кардааст.