16.9 C
Dushanbe

Нархи чиптаҳо аз Тоҷикистон ба Русия боз гарон шуд

Дар Тоҷикистон нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Русия ба таври назаррас гарон шудааст.

Бахусус нархи чиптаҳо аз шаҳрҳои Тоҷикистон ба самти Маскав аз пештар дида гаронтар шудааст, агар нафаре хоҳад, ки чиптаро ду-се рӯз пеш аз парвоз бихарад, пас бояд беш аз 5 ҳазор сомонӣ пардохт кунад.

Ҳатто 10-12 рӯз пеш аз парвоз ҳам, чиптаҳои парвози мустақим аз Душанбе ба Маскав на камтар аз 5000 сомонӣ арзиш доранд.

Як корманди кассаҳои чиптафурӯшӣ ба “Avesta” гуфтааст, ки се-чор рӯз пеш нархҳо тамоман дигар буданд. Чипта дар самти Душанбе-Маскав аз 2,4 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ арзиш дошт.

Ин корманди кассаи чипатфурӯшӣ дар идома қайд кард, ки “Ҳар сол дар моҳи январ чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Русия нисбат ба дигар моҳҳои сол арзонтар буд ва имсол нархи онҳо якбора боло рафт. Ин ба талабот вобаста аст. Чи қадаре, ки одамон мехоҳанд чипта бихаранд, ҳамон қадар нархи он гаронтар мешавад ва нархро ширкатҳои ҳавопаймоӣ муқаррар мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2021, вақте парвозҳои чартерӣ миёни Тоҷикистону Русия афзоиш ёфт, нархи чиптаҳо то 10-12 ҳазор сомонӣ боло рафт.

Он замон Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карда буд, ки чиптаҳои Душанбе-Маскав-Душанберо бо қимати на бештар аз 500 доллар фурӯшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.