32.9 C
Dushanbe

Насим Шарипов озод шуд

Имрӯз, 5-уми январ намоядаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” дар Туркия аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод шуд. Дар ин бора “Гурӯҳи-24” дар сомонаи расмиаш хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Насим Шарипов 30-юми декабри соли 2021 аз ҷониби мақомоти қудратии Туркия дар шаҳри Истамбул боздошт ва рӯзи 3-юми январ аз шуъбаи пулис ба боздоштгоҳи муваққати интиқол дода шуда буд.

Шарипов аз соли 2015 дар Туркия ба соҳибкорӣ ва таҳсил машғул буда, бори севвум аст, ки аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт мешавад.

Бори аввал ӯ соли 2018  ҳамроҳ бо роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар дар Истамбул боздошт шуда, пас аз бекор гардидани айбномаҳо ба озодӣ баромад. Насим Шарипов дар  Туркия мақоми паноҳандаи сиёсиро дорад.

Моҳи марти соли 2020 низ пас аз боздошти такрорӣ ва дахололати фаврии вакили дифоъ масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон лағв гардид.  

Мақомоти Туркия сабаби сеюмбора боздошт шудани Шариповро то ҳол шарҳ надодаанд.

Ба иддаои “Гурӯҳи-24” дар паси ин қазия, ба мисли ҳодисаҳои рабудан ва ба Тоҷикистон истирдод гардидани Шобуддин Бадалов ва Раҳматҷони Маҳмадҷон дар Русия мақомоти амниятии Тоҷикистон меистад.

Дар ин изҳороти худ Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз вакили дифоъ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамаи онҳое, ки барои озодии Насим Шарипов талош карданд, изҳори сипос намудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.