23.9 C
Dushanbe

Раҳмон аз пешрафтҳо гуфт, аммо воқеият куҷост?

Чанд соли ахир дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон беист аз дастовардҳои замони истиқлолият мегӯяду онро ба раҳбарии Эмомали Раҳмон рабт медиҳад.

Телевизионҳои давлатӣ гаштаву баргашта наворҳои бинову боғу гулгаштҳои навро намоиш дода, мардумро бовар мекунонанд, ки Тоҷикистон рушд кардаст ва сокинонаш аз ин чиз шукргузорӣ бояд кунанд.

Чанде пеш мо 30-солагии истиқлолияти кишварамонро таҷлил намудем. Аз ин се даҳсола, расо 29 сол мешавад, ки Тоҷикистон зери идораи президенти худкома қарор дорад. Бинобар ин мо лозим донистем аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки натиҷаи кораш воқеияти имрӯзаи кишвар аст, аз рӯйи рақаму омори мавҷуда баҳогузорӣ кунем.

Дар замони муосир қасру биноҳои зебо, мили баландтарину боғу гулгаштҳои шукуфон дигар таҷассумгари сатҳи рушди кишвар нестанд. Мавқеи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро тавассути индикаторҳо – нишондиҳандаҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид муқаррар кардааст, мешавад муаян кард.

Сатҳи зиндагӣ

Чунончи, аз омори мавҷуда маълум кардем, сатҳи зиндагии сокинони Тоҷикистон дар қиёс бо 14 кишвари пасошуравӣ аз ҳама бадтарин будааст. Аз рӯйи тадқиқоти Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар гузориши “Human Development Report” гирд оварда шудааст, кишвари мо мавқеи пасттарин – 125-ро ишғол кардааст.

Дар радабандии кишварҳо дар ин гузориш:

– саломатии аҳолӣ;

– дастрасӣ ба маориф;

ва сатҳи иқтисодии аҳолӣ ба назар гирифта шудааст.

Соҳаи тандурустӣ

Бино бар таҳқиқоти Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон, Тоҷикистон ҳамин ҳоло барои 560 БЕМОРИСТОН ВА МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ниёзманд аст. Аксарият биноҳои соҳаи тандурустӣ дар замони Шӯравӣ сохта шуда, таъмирталаб гардидаанд – таҷҳизоташон куҳна ва корношоям мебошанд.

Аз рӯйи маълумоти расмӣ, дар кишвар зиёда аз 1000 ДУХТУР ва 4000 ҲАМШИРАИ шафқат намерасад. Барои мисол, дар Тоҷикистон ба 100 ҲАЗОР аҳолӣ ҳамагӣ 170 ДУХТУР рост меояд, ҳол он ки дар дигар кишварҳои пасошуравӣ ин нишондод аз 220 то 440 мерасад.

Сабаби норасоии пизишкон дар соҳаи тандурустӣ, ФИРОРи онҳо аз кишвар номида мешавад. МАОШИ НОЧИЗ, ФАСОДзадагии соҳа ва ШАРОИТИ БАДИ КОРӣ мутахассисонро водор кардааст, ки ба Русия ва дигар кишварҳо кӯч бибанданд.

Сатҳи пасти зиндагӣ ва ақибмондагии соҳаи тандурусти ба дарозумрии сокинони кишвар таъсир гузоштааст – ба ҳисоби миёна шаҳрвандони Тоҷикистон 69,5 сол умр мебинанд, ки аз рӯйи ин нишондод, дар зинаи пасттарин дар миёни кишварҳои минтақа қарор доранд.

Дастрасӣ ба маориф

Мушкили аввалиндараҷаи соҳаи маориф дар Тоҷикистон камбуди МАКТАБ ва ОМӮЗГОР будааст. ШУМОРАИ МАКТАББАЧАҲО дар кишвар ба 2 МИЛЛИОНУ 110 ҲАЗОР нафар баробар буда, дар мамлакат ҳамагӣ 3 870 мактаб мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар синфхона аз 35 то 50 кӯдак дар як вақт таҳсил мекунад, ки ин аз муқаррарот қариб ду баробар зиёд аст.

Аз рӯйи гузориши ҳукумати Тоҷикистон, соли гузашта дар макотиби миёнаи кишвар кариб 3 ҳазор омӯзгор намерасидааст.

Маоши миёнаи мударрисон аз 65 то ба 85 доллар баробар аст. Бинобар маълумоти Агентии зидди фасод, маориф аз ҳама соҳаи фасодзадатарини мамлакат ба шумор меравад. Ин ҳам бошад ба маоши ночизи омӯзгорон пайвастагӣ дорад.

Сатҳи иқтисодии аҳолӣ

Нон ва чой – ғизои асосии аҳолии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз се як фисади сокинони кишвар аз гуруснагӣ азият мекашанд. Чунончи, Бонки Ҷаҳони мегӯяд, бештар аз 47 фоизи тоҷикистониён дар сатҳи фақр қарор доранд. Ташкилоти ЮНИСЕФ бошад сабаби 35 фисади марги навзодон ва кӯдаконро дар кишвар ба норасоии ғизо рабт медиҳад.

Маоши миёна дар Тоҷикистон 1357 сомонӣ аст, қиммати як халта орд ба 300 сомонӣ расид. Ҳукумат мегӯяд, шумораи бекорон дар кишвар 75 ҳазор аст, вале муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 1,5 то 2,5 миллион нафар гуфта мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ду сол пеш муайян карда буд, ки 70 фисади хонаводаҳо аз ҳисоби интиқоли пул аз хориҷа зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион долларро ташкил дод, ки баробар ба 25 дарсади иқтисоди кишвар аст.

Сатҳи фасод

Соли ҷорӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои фасодзадатарини дунё шомил шуд. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки мутаалиқ ба Дастгоҳи раисҷумҳури кишвар аст, зимни як назарсанҷӣ муайян карда, ки дар кишвар ягон сохтори давлатие вуҷуд надорад, ки орӣ аз фасод бошад. Зиёда аз ин, худи раисҷумҳури Тоҷикистон олуда ба фасод аст – ӯ фарзандону домодон ва хешу табори худро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ таъйин кардааст, ки хилофи қонунҳои кишвар аст.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон сӯиистифода аз мақоми худаш манфиатҳои ширкатҳои хешовандонашро ҳифз карда, онҳоро аз пардохти молиёти давлатӣ озод кардааст.

Озодии сухан ва озодиҳои сиёсӣ

Бо вуҷуди инқадар мушкилиҳои ҷомеа, сокинони Тоҷикистон ҳатто аз ҳаққи ибрози назар ва эътироз комилан маҳрум карда шудаанд. Тоҷикистониён наметавонанд озодона назари худро баён кунан ва аз баъзе амалкардҳои ноҷои ҳукумат эроде бигиранд ва ё интиқоде кунанд. Дар се даҳа дар кишвар озодиҳои шаҳрвандӣ пурра маҳдуд гардида, расонаҳое, ки аз вазъи мамлакат ҳарф мезаданд баста шуданд ва ашхосе, ки даст ба интиқод заданд равонаи зиндон шуданд ё аз ватан фирор карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.