Навори лату кӯби сарбозон таҳқиқ ва гумонбарон боздошт шуданд

Пас аз нашри густардаи навори лату кӯби сарбозон рӯзи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтомӣ ва вокуниши шадиди корбарон ба ин ҳодиса, Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи онро шурӯъ кард.

Бино ба иттилои Додситонии кулли кишвар, тафтишот муайян карда, ки ҳодисаи лату кӯби сарбозон тахминан 15-уми декабри соли 2022 дар қисми низомии 0215-и Нерӯҳои марзбонии тобеи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар иттилоияи Додситонӣ гуфта мешавад, ки сарбози қисми низомии мазкур “сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд.

Гуфта мешавад, аллакай гумонбарон рӯзи 24-уми апрели соли ҷорӣ боздошт шуда нисбати онҳо бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Моддаи мазкур дар ҳолати муҷрим шинохта шудани шахс аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

То ҳол назари гумонбарон ва инчунин он наваскароне, ки бераҳмона лату кӯб шуданд, дастараси расонаҳо нашудааст.

Аммо бо далоили номаълум Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел ин хабарашро аз сомонааш пок кард. То ҳол барои расонаҳо сабаби пок кардани ин хабарро шарҳ надодааст.

Масъалаи бадрафторӣ ва хусасан калонсолорӣ (дедовшина) дар артиши Тоҷикистон, ки аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст, яке аз масоилест, ки солҳост ҷомеаи тоҷик аз он ранҷ мебарад, вале то ҳол мақомоти кишвар барои рафъи ин мушкилии ҷиддӣ чорае намеандешанд.

Дар Тоҷикистон ҷавонони синни даъват ҳамеша аз хидмат дар артиш фирор мекунанд ва ба гуфтаи коршиносон, сабабаш маҳз ҳамин бадрафториҳо ва лату кӯби бераҳмона аст, ки дар натиҷа даҳҳо сарбоз маъюб ва ё кушта шуда ҷасадҳои беҷони онҳоро ба хонаводаҳояшон таҳвил медиҳанд, вале касе посухгӯи ин ҷиноёт нест.

  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.