Хабар
ТОҶИКИСТОН
Сафари Путин ба Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзҳои 19 ва 20-уми ноябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 16-уми ноябр хабар дода, гуфтааст, ки сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон анҷом мешавад.
Мақомоти Русия гуфтаанд, ки дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия, инчунин вазъи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон то замони омода шудани ин хабар дар бораи ҷузъиёти сафар ва барномаи мулоқот маълумоти расмӣ нашр накардааст.
Путин қабл аз сафар ба Тоҷикистон рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр дар Чин дар нишасти Ҳамкориҳои иқтисодии Осиё ва Уқёнусия (APEC) иштирок карда, сипас ба Душанбе меояд.
Сафари охирини Путин ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2025 анҷом ёфта буд. Ва он замон ҷониби Тоҷикистон дархости Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро барои боздошти Путин иҷро накарданд. Моҳи марти соли 2026 Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ҳам расман эълон кард, ки Тоҷикистон бо иҷро накардани дархости боздошт ва супоридани Путин уҳдадориҳои худро тибқи Оинномаи Рим иҷро накардааст. Моҳи майи соли ҷорӣ ин масъала барои баррасӣ ба Ассамблеяи кишварҳои узви додгоҳ ирсол шуд. Аммо аввали октябри соли ҷорӣ вакилони порлумони Тоҷикистон қаъти узвияти кишварро дар ин додгоҳ матраҳ карданд.
Бояд гуфт, вохӯрии ахири раисҷумҳри худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Путин 12-уми ноябри соли ҷорӣ дар Маскав, дар ҳошияи нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) сурат гирифта буд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар он дидор масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират баррасӣ шуданд. Вале дар хабар гуфта нашудааст, ки Раҳмон ва Путин кадом мушкилоти муҳоҷиронро муҳокима карданд ва барои ҳалли онҳо чӣ пешниҳоде доштанд.
Ин дар ҳолест, ки дар Русия солҳои охир қоидаҳои муҳоҷиратӣ пайваста сахттар шуда, муҳоҷирони кории тоҷик аз санҷишҳои пайдарпайи ҳуҷҷатҳо, боздошт, ихроҷ ва манъи вуруд ба ин кишвар шикоят мекунанд. Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия соатҳо бозпурсӣ шуда, баъдан аз вуруд ба кишвар маҳрум мегарданд.
Дар баробари ин, дар бораи ҷалб ва маҷбуран ба ҷанги Украина фиристода шудани шаҳрвандони Тоҷикистон низ гузоришҳо нашр шудаанд. Ва маълум нест, ки дар мулоқоти навбатии Путину Раҳмон ин мушкилот баррасӣ мешавад ё на.