Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон баъд аз ҳодисаи кушта шудани муаллими таърихе, ки барои донишомӯзон корикотураи Паёмбари ислом Муҳаммад (с)-ро ҳамчун озодии баён нишон медод, гуфт, ки расми корикотураҳои Паёмбар Муҳаммад (с)-ро идома медиҳад ва бештар ба намоиш мегузорад.
Дар пайи қарори президенти Фаронса барои идомаи нашри корикотурҳои Паёмбар Муҳаммад (с) аксар давлатҳои арабӣ ва исломӣ дар сатҳҳои гуногун онро маҳкум карданд ва дар давлатҳои исломӣ ва мусалмоннишин таблиғоти таҳрими молу маҳсулоти фаронсавӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин қазия мавқеи худро изҳор надоштааст.
Дар ин мавзӯъ хабаргузории “Asia Plus” бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Марказии исломии Тоҷикистон суҳбате анҷом дод.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, ки масъалаи диннӣ, масхараву таҳқир кардани чӣ шиорҳои исломӣ бошад чӣ шахсиятҳои олами ислом, бисёр мавзӯи ҳассос аст. Пайғамбар Муҳаммад (с) шахсияти муҳими исломӣ ҳаст ва дарку фаҳми Қуръон тавассути Паёмбар шудаасту Муҳаммад (с) миёнарав байни башарият ва Худованд аст.
Абдулқодирзода мисол овардааст, ки агар падару модар ва ё ҳамсари ягон раҳбари давлатро масхара кунанд, он раҳбари давлат, коре мекунад, он нафари масхара кардаро то паси панҷара мебарад ва ҳатто намегузорад ҷон ба саломат барад. Паёмбари ислом барои мусалмонҳо, аз ҳама наздиконашу ҷонашон болотар ва намояндаи Парвардигор дар рӯйи замин, шахсияти муққадас ва бузург аст.
“Барои ҳамин мо кори он ҷавонеро, ки аз ҳаёт чизе надида буд, таъйид намекунем, дар ҳақиқат нодуруст кардааст. Зиёдаравӣ кардааст. Вале зиёдаравии ӯ дар асоси нодурустии кори он муаллим буд, ки шахсияти бузурги исломро таҳқиру масхара кардааст. Ба ақида ва эътиқоди динии мардум, фарқ намекунад хоҳ яҳудӣ аст, хоҳ мусалмону маҷусиву масеҳӣ иҳонат кардан, кори бисёр хатарнокест, ки пайомадҳои ҷиддӣ дорад”.
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар суҳбат бо “Asia Plus” гуфтааст, ки исломро бо терроризм айбдор кардан ё муттаҳам донистан муд шудааст. Ҳоло он ки Ислом дини сулҳ аст.
Абдулқодирзода мегӯяд, ки бибинед аз соли 2009 исломро ба терроризм ва тундгароӣ туҳмат карданд, чӣ қадар хунрезӣ ва нооромӣ ба вуҷуд омад.
“Барои ҳамин ин оқибати хуб надорад. Бояд инсон аз ин гуна рафторҳо ҳазар кунад, чунки ақли солим инро намепазирад. Инсон тарзе рафтор кунад, ки на ба худ ва на бадигарон зарар бирасонад”.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе 16 октябр як ҷавони 18-солаи чечентабор дар шаҳри Конфлан-Сент-Онорини Фаронса муаллими таърих Самуэля Патро барои намоиш додани корикотурҳои таҳқиромез зидди Паёмбари ислом Муҳаммад (с) дар назди мактаб ба қатл расонда сари ӯро аз танаш ҷудо кард. Ҳангоми расидани пулис ӯ низ кушта шуд. Ҳодисаи куштори муаллимро ҳама мусалмонон маҳкум карданд.