Дар робита ба тарҳи тахриби чойхонаи “Роҳат”, ки ба гуфтаи мақомот, бар асоси нақшаи асосӣ ё ҳамон “генплан”-и Душанбе бояд тахриб карда шавад, вокунишҳои зиёде вуҷуд дорад. Корбаре ҳам бо номи Абдусамад Ҳабиб мегӯяд: “Ин бино барои кулли тоҷикони асил таърихию мондагор аст. Аз падару бобоёни мо ёдгорӣ ягона аст”. Ва хонум Санифа Идрис ҳам таъкид карда, ки ин чойхона “набояд аз байн бурда шавад.”
Ҳамзамон як корбари дигар бо номи Муртазоалӣ Муродов менависад: “Чойхонаи Роҳат як саҳифаи таърихи миллат аст, ҳам маҷмӯаи таърихӣ. Бо чойхонаи РОҲАТ чандин бузургони миллат алоқаманданд. Аз ҷумла М. Турсунзода, Лоиқ, Гулназар , А. Муҳаммадҷонов ва даҳҳову садҳои дигар. Чойхонаи Роҳат бо рушди Душанбе, бо номи Душанбе сахт алоқаманд аст. Онҳо радифи ҳамдигаранд. Фақат душмани халқи тоҷик ва таъриху тамаддуни он метавонад ин чойхонаро вайрон кунад. Ҳазорҳо тоҷикистонӣ хотирае аз Роҳат дорад. Он бояд ҳамчун бинои таърихӣ ҳифз шавад!”