13.9 C
Dushanbe

Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон оварданд

Дар пайи ҷойивазкунии мансабдорон Эмомалӣ Раҳмон ду мақомомдорро аз Бадахшон ба Хатлон овард.

Генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон аз вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Бино ба иттилои саҳфаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ин ҷойивазкунии Назарзода дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон 29-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯро ба ҳайси сардори Раёсати ВКД дар Хатлон имрӯз, 30-уми январ муаррифӣ кардаанд.

Назарзода Шариф, ки дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсатҳои ВКД дар Душанбеву Суғд ва муовини Рамазон Раҳимзода кор кардааст, моҳи феврали соли 2022 сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъйин гардида буд.

Баъд аз се моҳи кораш дар ин вазифа сокинон бо талаби таҳқиқи куштори сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ба эътироз баромада буданд. Пас аз ин эътирозҳо мақомот даст ба “амалиёт”-и ба гуфтаашон, “зиддитеррористӣ” зада, даҳҳо нафарро кушта, даҳҳо фаъол ва сокинони одиро бо иттиҳомоти сохта боздошту зиндонӣ карда буданд.

Инчунин дар пайи ҷойивазкунии ахир Аваз Назарзода, ки дар вазифаи додситони ВМКБ кор мекард, додситони нави вилояти Хатлон таъйин шудааст. Ӯ зодаи Исфара буда, дар гузашта додситони шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд буд. Назарзода ба мақоми додситони ВМКБ дар аввалҳои соли 2023 ва баъди ба ҷиноятҳои сангин айбдор шудану ба ҳабс афтодани додситони қаблӣ Парвиз Орифзода таъйин шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле Назарзодаҳоро аз Бадахшон ба Хатлон меорад, ки рӯзи 19-уми январ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сардорони ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар вилояти Хатлонро ҳамроҳи муовинонашон аз мақомҳояшон барканор карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа иқрор шуда буд, ки дар байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар иловаи рушди фасод ва ришва, террористу экстремистон ҳам афзоиш ёфтааст ва ӯ вуҷуди чунин ҷинояткоронро дар байни мақомоти баланди кишвар ба “сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва қабули шахсони тасодуфӣ” рабт дода буд.

Гуфта мешавад, чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон ҷойивазкунии мансабдорон идома дорад ва танҳо дар як рӯзи охир Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди 40 мақомдорро аз вазифа барканор карда, ба вазифаҳои дигар шинонд.

Аз ҷумла, дар пайи ин ҷойивазкуниҳо раиси ноҳияи Данғара, ки Исломиддин Раҳмон, ҷияни раисҷумҳур мебошад “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш” аз мақомаш барканор ва Сиҷоуддин Саломзода, ҳамакнун собиқ муовини Рустами Эмомалӣ раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст. Вазифаи нави Исломиддин Раҳмон то ҳол маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷироне, ки бо шартнома дар артиш хидмат кардаанд, аз Русия ихроҷ намешаванад

Мақомоти Русия талош доранд бо қабули қонуну қарорҳои гуногун сафи артиши ин кишварро аз ҳисоби муҳоҷирони хориҷӣ бештар кунанд.

Мақомот тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро дар Русия афзоиш додаанд

Дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия кормандони пулис дар ҷойҳои истиқоматии муҳоҷирон ва майдонҳои сохтмонӣ рейд гузаронданд.

Боздошти ду зан бо гумони ҷинояти ғайриахлоқӣ дар Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду зан бо гумони ташкили фоҳишахона хабар дод.