20.9 C
Dushanbe

Нигаронии амиқи HRW аз муносибати бади мақомоти тоҷик бо зодагони Бадахшон

Дидбони Ҳукуқи Башар (HRW) аз мақомоти Тоҷикистон таҳқиқи фаврӣ ва беғаразонаи марги панҷ зодаи Бадахшонро, ки дар соли 2025 дар маҳбасҳои кишвар фавтидаанд, талаб кардааст.

Дар изҳороти HRW, ки 3-уми сентябри соли ҷорӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, бархе аз ин зиндониёни сиёсӣ пас аз радди кумаки тиббӣ фавтидаанд ва дар бораи марги Боғшо Иматшоев, ки ҳанӯз моҳи феврал даргузашта буд, маълумот танҳо охири августи соли 2025 ифшо шуд.

Гуфта мешавад, Қулмамад Паллаеви 50-сола, фаъоли маданӣ аз Рӯшон моҳи январ, Боғшо Имматшоеви 67-сола моҳи феврал, Аслан Гулобови 35-сола аз Хоруғ моҳи июн, Музаффар Давлатмирови 61-сола як рӯҳонии шинохта аз Хоруғ дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола моҳи июли имсол дар зиндонҳои кишвар фавтида буданд.

Сийнат Султаналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар HRW дар ин маврид мегӯяд: “Марги панҷ зиндонии помирӣ дар чанд моҳ суолҳои ҷиддиро дар бораи муносибат бо зиндониёни сиёсӣ ва вазъи маҳбасҳо дар Тоҷикистон бармеангезад. Мақомот бояд сабаби марги онҳоро фавран ва шаффоф таҳқиқ кунанд ва ба хонаводаҳояшон рӯшан шарҳ бидиҳанд.”

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки тибқи Принсипҳои СММ дар маврид пешгирӣ аз қатлҳои худсарона, ҳар гуна марги шубҳанок дар маҳбас бояд бо даққат, фаврият ва беғаразона таҳқиқ шавад. Хонаводаҳои фавтидагон бояд аз раванди тафтишот огоҳ гашта, ба мурофиаҳои додгоҳӣ ва маълумоти парванда дастрасӣ ва ҳаққи пешниҳоди далелҳои дигарро низ дошта бошанд.

Инчунин HRW аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки ба саркӯбу шиканҷаи мардуми помирӣ бояд фавран поён диҳаду тамоми помириҳои худсарона боздоштшударо раҳо кунад. Онҳоро аз табобат маҳрум насозад ва ҳуқуқи фарҳангиву забониашонро барқарор кунад. Ва дар изҳорот гуфта шудааст, ки вокуниши байналмилалӣ ба буҳрони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нисбатан хомӯшона будаву ҳукуматҳо бояд дар баробари ин нақзи бади ҳуқуқи инсон набояд сокит бимонанд.

Пештар аз HRW 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо ва марги чанд тани онҳо дар зиндонҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд. 

Ин созмонҳо гуфта буданд, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Инчунин аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳар рӯз 30 сомонӣ: харҷи нави маҷбурӣ барои ронандагони микроавтобусҳо

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи муҷбур кардани ронандагони микроавтобусҳо барои истифода аз дастгоҳҳои пардохти ғайринақдӣ шиддат гирифтааст.

СММ: 2 ҳазор аз аҳолии Ғазза дар назди марказҳои тақсими ғизо кушта шуданд

Созмони Милали Муттаҳид аз вазъи фоҷиабори Ғазза изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, ки Исроил танҳо дар назди марказҳои тақсими ғизо беш аз 2 ҳазор фаластиниро куштааст.

Ҷашни Истиқлол дар Маскав. Чароғи сабзи Путин ба интиқоли қудрат дар Тоҷикистон?

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи 9-уми сентябр ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлол парчами кишвар дар биноҳои баландошёна ва Фурӯдгоҳи Домодедовои Русия намоиш дода мешавад.

Суръати интертет дар Тоҷикистон боло меравад?

Тоҷикистон мехоҳад бо пайвастшавии мустақим ба шабакаҳои телекоммуникатсионии Чин суръати интернетро боло ва арзишашро дар кишвар пойин барад.