Чанд рӯз аст, ки як ақди никоҳи ғайриоддӣ миёни як ҷавони тоҷик ва духтари рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёд ба вуҷуд овардааст.
Дар навори мазкур дида мешавад, ки ақди никоҳ дар пахши зинда ва бо ҳузури ду блогери тоҷик, аз ҷумла блогере, ки бо номи Ҳоҷи Маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта мешавад, анҷом мегирад. Зохиран Ҳоҷӣ Маъруф дар ин маросим ҳамчун шоҳид иштирок мекунад.
Бисёре аз корбарон дар вокуниш ба ин навор навиштаанд, ки дар саҳеҳ будани чунин никоҳ аз нигоҳи шариати исломӣ шубҳа доранд. Дар пайи баҳсҳо, саволҳои зиёде матраҳ шуданд, аз ҷумла оё ақди никоҳ тавассути телефон ва ё пахши зинда қобили қабул ва муътабар аст?
То ба ҳол ниҳоди расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон, ба монанди Шӯрои уламои Маркази исломӣ, дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Аммо ба назари коршиносони динӣ, ин тарзи ақди никоҳ дуруст аст, вале бояд шартҳои никоҳ пурра иҷро шаванд.
Аммо мутахассисони улуми динӣ мегӯянд, агарчи ин тарзи никоҳ дуруст аст, вале аз баски никоҳ аз амалҳои бисёр муҳим ва бузург дар ҷомеа ва рушди наслҳо ба ҳисоб меравад, роиҷ шудани чунин амал боиси нодида гирифтан ва таҳқири аҳкоми шариат ва арзишҳои динӣ аз ҷониби ҷавонони камсавод мегардад. Ба гуфтаи онҳо, набояд аҳкоми шаръӣ мавриди масхара ва камбинӣ байни ҷавонон табдил шавад.
