9.9 C
Dushanbe

Нишасти Лондон барои Украина бо чӣ анҷомид?

Ҷанҷолҳои лафзии сахти раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар Кохи Сафед сархатти расонаҳои дунё қарор гирифта, коршиносон аз паёмадҳои ин гуфтугӯ нигаронанд.

Як рӯз пас аз раддубадалҳои сахт миёни президенти Украина Владимир Зеленский, президенти ИМА Доналд Трамп ва ноиби президенти ИМА Вэнс дар Кохи Сафед, президенти Украина ба Лондон сафар кард.

Дар он ҷо ӯ дар нишасти сарони кишварҳои Аврупо, ки бо мизбонии сарвазири Бритониёи Кабир Кир Стармер баргузор шуд, ширкат кард ва бо шоҳ Чарлз III мулоқот намуд.

Мавзуи аслии ин нишаст, ки рӯзи 2-уми март бо иштирики раҳбари НАТО, вазири хориҷаи Туркия ва аксари раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид, баррасии тарҳи хатми ҷанг дар Украина буд, ки ба гуфтаи Кир Стармер тарҳ ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод мешавад ва пас аз он кишварҳои шарик ба татбиқи он шуруъ мекунанд.

Иштирокчиёни нишасти Лондон ба мувофиқа расиданд, ки кумаки низомӣ ба Украинаро идома медиҳанд ва фишору таҳримро болои Русияро бештар мекунанд. Инчунин раҳбарони Аврупо қасд доранд, ки аз ҳамлаи эҳтимолии такрории Русия пешгирӣ кунанд ва барои дифоъ аз Украина “эътилофи хоҳишмандон” таъсис дода мешавад.

Иштирокчиёни нишаст таъкид кардаанд, ки созишномаи сулҳ бо Русия бояд соҳибихтиёрӣ ва амнияти Украинаро кафолат диҳад. Кир Стармер таъкид кард, ки Аврупо дар ҳалли низоъ нақши калидиро ба уҳда мегирад, аммо дастгирии ИМА ҳамчунон зарур аст.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула Фон дер Лейен ин нишастро “қадами муҳим дар роҳи таҳкими амнияти Украина ва Аврупо” номида, Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ гуфт, Аврупо бояд барои сулҳе, ки пойдор хоҳад буд, талош кунад.

Олаф Шолтс, Садри аъзами Олмон таъкид кард, ки НАТО ҳамчунон омили аслии амниятӣ боқӣ мемонад ва Марк Рютте, Дабири кулли НАТО, ки низ дар ин нишаст ширкат дошт, таъйид кард, ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ будҷаи дифоъии худро афзоиш хоҳанд дод ва ин бояд “тавозуни одилона бо Амрико”-ро барқарор кунад.

Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск бошад пас аз нишасти сарони кишварҳои аврупоӣ дар Лондон дар сафҳаи X навишт: “Аврупо бедор шуд.” Ба гуфтаи Туск, ширкаткунандагон дар масоили кумак ба Украина, зарурати ҳамкориҳои наздики фароатлантикӣ ва таҳкими марзи шарқӣ якдил буданд.

Дар ин нишаст вазири хориҷаи Туркия Ҳокон Фидон низ ширкат дошт ва ӯ Туркияро ба унвони як майдони музокироти сулҳи Украина ва Русия пешниҳод кард.

Дар поёни ҳамоиш худи Зеленский бо баргузории нишасти матбуотӣ ташаббуси муштараки Стармер ва Макронро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Украина бо вуҷуди фишорҳо қасди гузашти ҳудудиро надорад.

Пас аз ин нишаст раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо шоҳи Британиёи Кабир Чарлз III мулоқот намуд. Напӯшидани либоси расмӣ аз ҷониби ӯ таваҷҷуҳи расонаҳора ҷалб кард. Аммо ба фарқ аз Кохи Сафед, ин далел дар Британияи Кабир интиқодҳоро ба вуҷуд наовард.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вашингтон дар Кохи Сафед мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо президенти Амрико Доналд Трамп баргузор гардид ва интизор мерафт, ки пас аз он созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ба имзо расад, то Амрико барои дифоъ аз Украина дар баробари ҳуҷуми Русия ангезаи бештар диҳад.

Аммо ин мулоқот бо раддубадалҳои доғ дар Кохи Сафед байни Зеленский, Доналд Трамп ва Венс анҷомид ва раисҷумҳури Украина маҷбур шуд Вашингтонро тарк кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаи Украина ба Маскав пеш аз оғози музокироти Ҷидда

Субҳи рӯзи 11-уми март артиши Украина ба шаҳри Маскав ҳамлаи густурдаи паҳподӣ анҷом дод, ки гуфта мешавад, ин ҳамлаи ҷавобӣ ба ҳуҷумҳои ахири Русия буд.

Музокироти Украина ва Амрико дар Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Украина ва ИМА оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми март бо як сафари расмии дурӯза ба Ҷумҳурии Қирғизистон меравад.

Таҳқиқи боз як хонаводаи тоҷик дар Русия барои гирифтани манзил

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқоти наверо дар мавриди соҳиби манзил шудани як хонаводаи ниёзманди тоҷик дар Ҷумҳурии Тотористон оғоз кардааст.