Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико

Нишасти сарони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъруф ба С5+1 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баргузор шуд.

Ба қавли расонаҳо, аз як сӯ мақомоти Кремлин ҳадаф аз баргузории ин нишастро ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия унвон карда, ҳушдор дода, ки хориҷ шудани минтақа аз зери нуфузи Маскав таҳдидҳои амниятӣ алайҳи ин кишварҳоро афзоиш хоҳад дод.

Аз сӯи дигар, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ин нишаст бо ҳадафи “тақвияти ҳамкориҳо” ва ҳифзи истиқлол, шукуфоӣ ва раванди асосиест, ки мушкилоти худро аз тариқи тавофуқномаҳои муштарак ҳаллу фасл мекунад. Дар ин нишаст, Амрико барои тавсеаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ 25 миллион доллар ваъда кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бидуни он, ки ба ин ҷузъиёт ворид шавад, мегӯяд: Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина аксари кишварҳои дунё ба ду ҷабҳаи асосӣ тақсим шудаанд. Яке ҷонибдорони Русия ва дигаре ҷонибдорони Украина. Аксар кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои шарқӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд.

Ғарб ва дар раъси онҳо Амрико муътақид аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷанг паҳлуи Русия қарор гирифтаанд ва ба ин хотир талош доранд, ки бо ироаи кумакҳои бештар равобит ва муносибатҳо байни Русия ва кишварҳои Осиёси Марказиро камтар кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.