Ҷаҳон

Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико

Нишасти сарони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъруф ба С5+1 дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, 28-уми феврали соли 2023 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баргузор шуд.

Ба қавли расонаҳо, аз як сӯ мақомоти Кремлин ҳадаф аз баргузории ин нишастро ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия унвон карда, ҳушдор дода, ки хориҷ шудани минтақа аз зери нуфузи Маскав таҳдидҳои амниятӣ алайҳи ин кишварҳоро афзоиш хоҳад дод.

Аз сӯи дигар, вазири корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ин нишаст бо ҳадафи "тақвияти ҳамкориҳо" ва ҳифзи истиқлол, шукуфоӣ ва раванди асосиест, ки мушкилоти худро аз тариқи тавофуқномаҳои муштарак ҳаллу фасл мекунад. Дар ин нишаст, Амрико барои тавсеаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ 25 миллион доллар ваъда кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ бидуни он, ки ба ин ҷузъиёт ворид шавад, мегӯяд: Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ табодули афкор карда, дар ин росто ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.

Гуфта мешавад, пас аз оғози ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина аксари кишварҳои дунё ба ду ҷабҳаи асосӣ тақсим шудаанд. Яке ҷонибдорони Русия ва дигаре ҷонибдорони Украина. Аксар кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои шарқӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд.

Ғарб ва дар раъси онҳо Амрико муътақид аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷанг паҳлуи Русия қарор гирифтаанд ва ба ин хотир талош доранд, ки бо ироаи кумакҳои бештар равобит ва муносибатҳо байни Русия ва кишварҳои Осиёси Марказиро камтар кунанд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари Ҷаҳон

Россия

Белорус гуфт, маҷбур аст силоҳи ҳастаии Русияро дар хокаш роҳ диҳад

Тоҷикистон

ИНТЕРПОЛ дар Душанбе ҷаласа мегузаронад

#ДИИШ

Кушта шудани як тоҷикистонӣ дар Афғонистон

Дин

Ифтор дар варзишгоҳи Челси