23.9 C
Dushanbe

Нишасти вазирони корҳои хориҷии ИА ва Осиёи Марказӣ

Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста идома дорад.

Субҳи имрӯз, 22-уми ноябр вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 17-умин нишасти худро бо меҳварияти масоили марбут ба Афғонистон дар Кохи Сомон оғоз карданд ва қарор аст пас аз анҷоми ин нишаст дар ҳузури намояндаҳои расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ баёнияи муштараки худро қироат кунанд.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки кишварҳои узви Осиёи Марказӣ бо буҳрони нақзи ҳуқуқи башар ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо бо буҳрони муҳоҷиратҳои ғайриқонунии паноҳҷӯён аз кишварҳои Ироқу Афғонистон, Сурияву Яман ва кишварҳои Шимоли Африқо рӯбарӯ ҳастанд.

Иттиҳоди Аврупо борҳо эълом кардааст, ки барои тақвияти марзҳо ва пешгирӣ ва сарозер шудани мавҷи паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон кумак мекунад, аммо ба гуфтаи коршиносон дар ҳоли ҳозир ин ваъдаҳои Иттиҳоди Аврупо ба ҳамсояҳои Афғонистон камтаъсир буда, танҳо дар марзҳои Беларус бо Лаҳистон ҳудуди 10 ҳазор паноҳҷӯ интизори убури марз ва ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

Аз сӯи дигар дасти кам чор-панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳайъати ширкаткунандаи Иттиҳоди Аврупо бо раҳбарии Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии ин созмон дар Тоҷикистон хостаанд, ки ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фишор биорад, то аз поймол кардани ҳуқуқи башар ва бахусус зиндониёни сиёсӣ ва хонаводаву пайвандони мухолифин даст бардорад.

Гуфтанист, Ҷозеф Боррел дар сафари худ қарор аст бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин Меҳриддин ва дигар раҳбарони воломақоми кишварамон дар алоҳидагӣ мулоқот кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.