25.9 C
Dushanbe

ҲНИТ ба ДБҶ аз Эмомалӣ Раҳмон шикоят бурд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистн ҳамроҳ бо чанд созмони дигар аз ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ шикоят бурд.

Дар ин бора рӯзи ҷумъа, 11-уми апрели соли ҷорӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар шабкаи X хабар дод.

“Билохира дирӯз ба Додгоҳи Байналмиллалии Ҷиноӣ алайҳи Э. Раҳмон барои ҷиноятҳои зиди инсоният шикояти расмиро супурдем.”, менависад Кабирӣ.

Ӯ ҳамзамон афзуда, ки таҳияи ин парванда ва пешниҳоди он ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ 4 сол замон бурда, “кори пурмашаққати вакилону фаъъолони холис” будааст.

Муҳиддин Кабирӣ навишта, ки “Миллат ин рӯзро мунтазир буд! Дигар миллат не, ӯ ҷинояткор муаррифӣ хоҳад шуд.”

Аммо дар баёнияи муштаркаи ҲНИТ ХИБУ ва ОА иттилоъ дода шуда, ки “Се созмон – созмони ғайриҳукуматии Хазинаи ихтиёриёни байналмилалии Украина (FUVI), созмони ҷамъиятии Озодӣ барои Авруосиё ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тавассути вакили мудофеи худ Николас Лигнул ба Додситонии Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиати расмӣ ирсол карданд.”

Гуфта мешавад, шикоят бо дастгирии Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия омода карда шуда, он аз “боздоштҳои худсарона, шиканҷа, таҷовуз, зиндонҳои инфиродӣ, нопадидшавии гумонбарон, муҳоҷирати маҷбурӣ, куштор” ва ғайра асос ёфтааст.

Дар иттилоияи ин се созмон зикр шуда, ки далелҳо бар асоси “маводҳои низоми додгоҳӣ ва маъмурии Тоҷикистон, ҳисоботи созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳуҷҷатҳои аудиовизуалӣ, шаҳодати шоҳидони айнӣ”, ҷамъоварӣ шудаанд.

ҲНИТ мегӯяд, ҷиноятҳои Эмомалӣ Раҳмонро аз соли 2011 то имрӯз ҷамъоварӣ кардааст. Бо пешниҳоди шикоят ба ДҶБ хоста шуда, ки алайҳи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон тафтишот оғоз шавад ва онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Назари ҷониби ҲНИТ баъдтар нашр хоҳад шуд.

То ҳанӯз дар ин маврид вокуниши ҷониби ҳукумати Тоҷикистон нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон симхор мекашад

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии "eVisa" ҳазф кард.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.