31.9 C
Dushanbe

Ноҳияи Мурғоб бо барқ таъмин мешавад, аммо навоҳии марказ барқ надоранд

Сурат: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Оҷонси байналмилалии рушди Амрико (USAID) дар ноҳияи Мурғоб нерӯгоҳи нави офтобиро сохта ба истифода додааст, ки он бо иқтидори 220 киловатт-соат нерӯ калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад.

Сафортаи Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки Оҷонси байналмилалии рушди Амрико, ки барои хариду насби нерӯгоҳи барқии офтобӣ ба ширкати “Помир Энержӣ” кумак кардааст ва иқтидори онро 180 киловатт – соат гуфтаанд.

Дар хабари сафорати Амрико зикр гардидааст, ки нерӯгоҳи барқии офтобӣ барои тақвияти тавоноии нерӯгоҳи барқи обии “Тоҷикистон” насб шуд, ки 1.5 мегаватт нерӯи барқ тавлид мекунад.

Гуфта мешавад, нерӯгоҳи нав имкон медиҳад, таъмини мардум бо нерӯи барқ дар ҷараёни рӯз 50 дар сад зиёд шавад, ки дар ниҳоят сатҳи зиндагии онҳоро беҳтар ва ба рушди иқтисодии Мурғоб мусоидат мекунад.

Мурғоб, баландтарин ноҳияи Тоҷикистон аст, ки 3600 метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, аз минтақаҳои дурдаст ба ҳисоб меравад ва 6000 сокини он аз шабакаи барқи “Помир Энержӣ” ҷудо ва аз нерӯи барқи мунназам ва кофӣ маҳрум буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Анҷумани иқтисоди рақамии СҲШ дар шаҳри Тянҷзини Чин

Дар чаҳорчӯби Анҷумани иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Тянҷзини Чин ҷаласаи пӯшидаи вазирони иқтисодии кишварҳои узви ин созмон баргузор гардид.

Боздошти як омӯзгори забони англисӣ дар Душанбе бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқӣ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди 50-сола бо иттиҳоми рафтори ғайриахлоқи ба як гурӯҳ духтарони ҷавон боздошт шудааст.

Чаро мақомот дар бораи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хомӯшанд?

Масъулини муҳоҷирони афғонистонӣ дар Душанбе хабари ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистонро рад карданд.

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.