32.9 C
Dushanbe

Номаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба СММ, Русия ва Эрон

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ирсоли нома ба Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид хостааст, ки аз тасмими Русия дар робита ба террористӣ хондани ҲНИТ пешгирӣ кунад.

Раиси ҲНИТ дар номаи худ ба СММ изҳор дошта, ки ҳодисаҳои Украина боис шуда, ки Эмомалӣ Раҳмон ин хостаи деринаи худро болои Маскав бор кунад.

Ин ҳизби мухолифи Ҳукумат аз он нигаронӣ дорад, ки “дар сурати амалӣ шудани ин дархости Тоҷикистон метавонад оқибатҳои фоҷиабори инсонӣ ва амниятӣ барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад.”

Дар нома аз раванди ба имзо расидани Созишномаи Сулҳ тоҷикон ёдоварӣ шуда, ки он бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Миллал ва имзои ду ҷониб сурат гирифтааст. Ва қрор буд ин сулҳ заминаи бунёди як ҷомеаи пешрафтаи таҳаммулпазири демократиро ба вуҷуд биёрад. Аммо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон “бо истифода аз фурсатҳо ва омилҳои гуногун натиҷаи сулҳро ба нафъи худ ва хонаводааш мусодара намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари худкомаи ақабмонда табдил дод.” Ва тарафи дигари сулҳро бо мамнуъ эълон кардан аз майдон хориҷ кард ва инак талош дорад онро дар хориҷ аз кишвар ҳам мамнуъ ва террористӣ эълон кунад.  

Дар номаи ҲНИТ ба СММ ҳамчунин аз Русия ва Эрон ҳамчун ду кишвари кафили Сулҳи тоҷикон хоста шуда, ки аз ин тасмими Ҳукумати Тоҷикистон пешгирӣ кунанд. Бавежа, аз Русия хоста шуда, ки “аз қабули чунин қарори мухолиф ба руҳияи Созишномаи Сулҳи тоҷикон худдорӣ кунад. Инчунин Созмони Миллал гурӯҳи кории махсусро барои баррасии вазъи иҷроиши Созишномаи Сулҳ ва натиҷаҳои он таъсис диҳад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.